РОҲБАРИ ТОҶИКОН ЛОИҲАИ “ДӮСТӢ”-РО МУАРРИФӢ НАМУД

Главная \ Муҳоҷирони меҳнатӣ \ РОҲБАРИ ТОҶИКОН ЛОИҲАИ “ДӮСТӢ”-РО МУАРРИФӢ НАМУД
РОҲБАРИ ТОҶИКОН ЛОИҲАИ “ДӮСТӢ”-РО МУАРРИФӢ НАМУД

Дар шаҳри Уляновсики Федератсияи Россия ҷаласаи муштараки Шӯрои назди губернатори вилояти Уляновск оид ба муносибатҳои байни миллатҳо ва Шӯрои ҳамоҳангсоз оид ба татбиқи сиёсати давлатии муҳоҷират дар вилояти Уляновск бо иштироки губернатор Алексей Русских баргузор гардид, ки дар кори ҷаласаи мазкур намояндагони миллатҳои муқими вилоят, сохторҳои марбутаи давлатӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар вилояти мазкур иштирок намуданд.

Роҳбари ташкилоти ҷамъиятии тоҷикон «Азия» Ҳайдаралӣ Маҳмадҷонов бо намояндагӣ аз тоҷикони вилояти Уляновск иштирок намуда, ба иштирокчиён лоиҳаи лагери этникии «Дӯстӣ»-ро барои кӯдакони муҳоҷири тоҷикистонӣ, ки ба мутобиқшавии иҷтимоию фарҳангии кӯдакон нигаронида шудааст, муаррифӣ намуд.