Ҷавонони тоҷик дар Анҷумани 2-юми ҷаҳонии ҷавонони Қазон иштирок доранд

Главная \ Тест \ Ҷавонони тоҷик дар Анҷумани 2-юми ҷаҳонии ҷавонони Қазон иштирок доранд
Ҷавонони тоҷик дар Анҷумани 2-юми ҷаҳонии ҷавонони Қазон иштирок доранд

28 август дар шаҳри Қазони Ҷумҳурии Тотористони Федератсияи Русия маросими кушодашавии Анҷумани 2-юми ҷаҳонии ҷавонони Қазон баргузор гардид, ки дар он ҳайати ҷавонони Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуд. 

Мақсади асосии Анҷуман- муҳокимаи нақши арзишҳои анъанавӣ дар тарбияи ҷавонон дар ҷаҳони муосир мебошад.

Ба анҷуман ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби кормандони ҷавони ташкилоту муассисаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии муовини якуми раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалб гардид.

Ёдовар мешавем, ки Анҷумани 2-юми ҷаҳонии ҷавонони Қазон то 30 август доир шуда, дар он зиёда аз 140 нафар аз 30 давлати дунё иштирок менамоянд.