Иштирок дар маросими ифтитоҳи Фестивали байналмилалии варзиши донишгоҳӣ "Екатеринбург-2023"
Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маросими ифтитоҳи Фестивали байналмилалии варзиши донишгоҳӣ "Екатеринбург-2023" ба варзишгарони кишвараш зафару пирӯзӣ таманно кард
Шоми 20 августи соли 2023 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода дар толори калони Маркази байналмилалии намоишгоҳии "Екатеринбург--ЭКСПО" дар маросими ифтитоҳи Фестивали байналмилалии варзиши донишгоҳии "Екатеринбург 2023", ки дар он дастаҳои варзишии 36 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон, ширкат доранд, иштирок кард.
Ҳайатҳои варзишии ҳамаи кишварҳои иштирокчӣ аз саҳнаи толори конгрессҳо дар шакли зебои бадеӣ муаррифӣ шуданд.
Ҳайати муттаҳидаи варзишии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Фестивали байналмилалии варзиши донишгоҳӣ ректори Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С.Раҳимов, доктори илмҳои педагогӣ Шодӣ Сафаров сарварӣ мекард.
Дар маросими ифтитоҳи Ҷашнвораи байналмилалии варзиши донишгоҳӣ паёми табрикии Президенти Россия Владимир Путинро ёвараш Игор Левитин қироат кард.
Вазири варзиши Федератсияи Россия Олег Матыцин, Губернатори вилояти Свердловски Федератсияи Россия Евгений Куйвашев ва муовини раиси Ҳукумати Федератсияи Россия Дмитрий Чернышенко суханронии шодбошӣ карданд.
Қабл аз ифтитоҳи Фестивали байналмилалии варзиши донишгоҳӣ Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода дар толори конгрессҳои МБН "Екатеринбург--ЭКСПО" аъзои ҳайати варзишии Ҷумҳурии Тоҷикистонро самимона хайрамақдам гуфта, ба онҳо дар мусобиқаҳои варзишӣ зафару пирӯзиҳо таманно намуд.
Дар чаҳорчӯби Фестивали байналмилалии варзиши донишгоҳӣ мусобиқаҳо аз рӯйи 14 намуди тобистонаи варзиш баргузор мегарданд.