Мулоқот бо донишҷӯёни тоҷик дар Донишгоҳи технологии Россия
15 феврали соли 2024 мулоқоти намояндагони Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия бо намояндагони Донишгоҳи технологии Россия (МИРЭА) баргузор гардид.
Дар рафти суҳбат мавзӯъҳои густариши ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Россия дар соҳаи илму маориф, шароити таҳсили донишҷӯёни тоҷик, тақвияти ҳамкориҳо байни мактабҳои олии ду кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҷонибҳо инчунин роҷеъ ба имкони зиёд намудани бурсияҳо дар донишгоҳи мазкур барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон табодули афкор намуданд.
Ҳамзамон вохӯрии намояндагони Сафорат бо донишҷӯёни тоҷик, ки дар ин донишгоҳ таҳсил мекунанд, доир гардид. Ба донишҷӯён дар бораи рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии кишвар дар давраи муосир маълумот дода шуд. Ҳамзамон ғамхорӣ ва дастгирии доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти фароҳамсозии шароити мусоид барои таҳсил ва рушди минбаъдаи ҷавонон махсус таъкид карда шуд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ ба донишҷӯён тавсия дода шуд, ки вақти холии худро ҳарчӣ бештар ба омӯхтани касбҳои муосир, забонҳои хориҷӣ ва илму техникаи замонавӣ сарф намоянд.