МУЛОҚОТИ САФИР БО ДОНИШҶӮЁНИ ШАҲРИ НОВОСИБИРСК

Главная \ Тест \ МУЛОҚОТИ САФИР БО ДОНИШҶӮЁНИ ШАҲРИ НОВОСИБИРСК
МУЛОҚОТИ САФИР БО ДОНИШҶӮЁНИ ШАҲРИ НОВОСИБИРСК

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии  Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Д.Гулмаҳмадзода дар доираи сафари кориаш ба вилояти Новосибирск аз Донишгоҳи давлатии аграрии Новосибирск дидан карда, бо Ректори он Евгений Рудой мулоқот баргузор намуд.

Роҳбари Намояндагии дипломатии Тоҷикистон перомуни масъалаи омода кардани мутахасиссони баландихтисос дар соҳаи кишоварзӣ ибрози андеша намуда, дар зимн,  аз усулҳои муосири таълим дар Донишгоҳ ва шароити муҳайёшуда барои донишҷӯён изҳори қаноатмандӣ кард.


Д.Гулмаҳмадзода ва Е.Рӯдой ҳамчунин ба масоили марбут ба густариши ҳамкориҳо дар соҳаи илму маориф таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.

  
Сафири Тоҷикистон  дар идомаи сафари корӣ бо донишҷӯёни тоҷик, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олии ҳудуди шаҳри Новосибирск таҳсил менамоянд,  мулоқот намуда, зимни суҳбат нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастовардҳои ҷумҳурӣ дар соҳаҳои гуногун ва таҳкимёбии нақши кишвар дар арсаи байналмилалиро шарҳ дод.

Таъкид намуд, ки Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ ҳамчун кишвари ташаббускор дар ҳалли масъалаҳои марбут ба обу иқлим эътироф шудааст. Дар ин замина Роҳбари Намояндагии дипломатии Тоҷикистон зикр намуд, ки 14 декабри соли 2022 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» эълон кардани соли 2025 ва 21-уми март ҳамчун «Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо», ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод шуда буд, якдилона қарор қабул кард.
Инчунин дар рафти суҳбат ба донишҷӯён тавсия дода шуд, ки аз шароити мусоиди фароҳамомада барои андӯхтани дониш ва рушди ҳамаҷонибаи малакаашон  истифода баранд.


Дар фарҷоми вохӯрӣ саволу ҷавоб доир гардид, ки дар рафти он донишҷӯён ба пурсишҳои худ посух гирифтанд.