Мулоқоти сафири Тоҷикистон бо проректори Донишгоҳи молиявӣ
19 феврали соли 2024 мулоқоти сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо проректори Донишгоҳи молиявии назди Ҳукумати Федератсияи Россия Дмитрий Семёнов баргузор гардид.
Зимни мулоқот табодули афкор роҷеъ ба таҷрибаи мусбати ҳамкориҳои бисёрсола дар тайёр кардани мутахассисони соҳаҳои молия, технологияҳои иттилоотӣ, ҳуқуқшиносони соҳаи молия ва дигар мутахассисони баландихтисос сурат гирифт.
Ҳамчунин, дар мулоқот дурнамои ҳамкориҳо барои фароҳам овардани шароити муносиб ҷиҳати фаъолияти илмию таълимии донишҷӯёни тоҷик баррасӣ шуд.
Ҷонибҳо бо изҳори қаноатмандӣ хоҳиши афзояндаи ҷавонони тоҷикро барои таҳсил дар Донишгоҳи молиявӣ қайд намуданд. Қобили тазаккур аст, ки теъдоди донишҷӯёни тоҷик миёни дигар донишҷӯёни хориҷӣ, ки дар донишгоҳи мазкур таҳсил мекунанд, аксариятро ташкил дода, айни замон зиёда аз 220 нафар мерасад.
Зимнан, усулҳои муосири таълимӣ ва шароити зарурии барои донишҷӯён фароҳамшуда махсусан таъкид шуд.
Дар вохӯрӣ бо донишҷӯён, роҳбари намояндагии дипломатӣ маслиҳат дод, ки аз шароити мусоиди фароҳамомада барои андӯхтани дониш ва рушди ҳамаҷонибаи малакаашон истифода баранд.
Ҳамчунин дар рафти мулоқот Д. Гулмаҳмадзода бо иштирокдорон дар мавзӯи дастовардҳои Тоҷикистон дар давраи 32 соли истиқлолият, таблиғи худшиносӣ, ҳифзи арзишҳои таърихиву фарҳангӣ ва ҳувияти миллии ҷавонон сӯҳбат орост. Дастгирии доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фароҳамсозии шароити мусоид барои таҳсил ва рушди минбаъдаи ҷавонон ба вижа таъкид гардид.
Дар ин робита, аҳамияти касбҳои интихобкардаи донишҷӯён барои рушди минбаъдаи Тоҷикистон ва бунёди низоми муассири иқтисодӣ бо ҷалби мутахассисони ҷавони баландихтисос қайд карда шуд.
Бо истифода аз фурсат, роҳбари намояндагии дипломатӣ ба таваҷҷуҳи донишҷуён иброз дошт, ки касбҳои интихобнамудаи онҳо дар Тоҷикистон мавриди ниёзмандии вижа аст ва ба онҳо маслиҳат дод, ки аз шароити дар донишгоҳ барояшон фароҳамшуда бамаврид истифода баранд.
Роҳбари намояндагии дипломатӣ таъкид кард, ки сафорат омода аст, то дар амалисозии ташаббусҳои донишҷуёни ҷавон мусоидат намояд.