Мулоқоти сафири Тоҷикистон бо ректори Академияи дипломатӣ

Главная \ Тест \ Мулоқоти сафири Тоҷикистон бо ректори Академияи дипломатӣ
Мулоқоти сафири Тоҷикистон бо ректори Академияи дипломатӣ

12 феврали соли 2024 мулоқоти сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсия Россия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо ректори Академияи дипломатии Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Россия Александр Яковенко баргузор гардид.

Дар рафти мулоқот табодули афкор роҷеъ ба таҷрибаи мутақобилан судманди ҳамкориҳои чандинсола дар ҳошияи барномаҳои таълимии бакалавриат, магистратура ва курсҳои такмили ихтисос барои хизмати дипломатӣ дар Академияи дипломатӣ дар самти муносибатҳои байналмилалӣ сурат гирифт. Ҳамзамон, масъалаҳои вобаста ба идомаи ҳамкорӣ дар самти муҳайё намудани шароити муносиб барои корҳои илмӣ-таълимии донишҷӯёни тоҷик баррасӣ гардид.

Вохӯрӣ дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ сурат гирифт.