Тақдими Сипосномаи Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ба декани Донишгоҳи давлатии Москва
21 июли соли ҷорӣ дар бинои Сафорати Тоҷикистон дар Россия мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо декани факултаи равандҳои глобалии Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов Иля Вячеславович Илин баргузор гардид.
Дар оғози мулоқот Сафири Тоҷикистон Сипосномаи Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддинро барои саҳмгузорӣ дар омода кардани мутахассисони соҳаи муносибатҳои байналмилалӣ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Иля Вячеславович Илин ботантана тақдим кард.
Дар рафти мулоқот роҷеъ ба таҷрибаи пурсамари бисёрсола дар бахши тайёр кардани мутахассисони баландихтисоси соҳаи муносибатҳои байналмилалӣ табодули афкор сурат гирифта, ҳамчунин масоили дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба дар ин самт мавриди баррасӣ қарор дода шуд.