Зафар Сайидзода дар вилояти Свердловск дар "телепул" иштирок намуд

Главная \ Тест \ Зафар Сайидзода дар вилояти Свердловск дар "телепул" иштирок намуд
Зафар Сайидзода дар вилояти Свердловск дар "телепул" иштирок намуд

15 октябри соли 2024 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода ба шаҳри Полевскойи вилояти Свердловски Федератсияи Россия сафари корӣ анҷом дод.

Дар ин сафари корӣ дипломати тоҷикро ҳамраиси Шӯрои ҳамоҳангсозии диаспоравии назди Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Ёқубҷон Умаров, президенти Ташкилоти минтақавии ҷамъиятии вилояти Свердловски Федератсияи Россия "Диаспораи тоҷик "Дидор"" Мастбегим Ошурбекова, узви Шӯрои ҳамоҳангсозии диаспоравии назди Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Салим Ӯлмасов, сарояндаи маҳбуби тоҷик Маҳмадалӣ Умаров ҳамроҳӣ намуданд.

"Телепул"-и миёни мактаббачагони шаҳри Турсунзодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Литсейи политехникии рақами 21 "Эрудит" (воқеъ дар шаҳри Полевскойи вилояти Свердловски Федератсияи Россия), ки чун пружа аз ҷониби Агентии федералии Россия оид ба умури миллатҳо, Ҳукумати вилояти Свердловски Федератсияи Россия, "Хонаи мардумони Россия" ва "Ҷамъияти тоҷикии дӯстӣ ва робитаҳои фарҳангӣ бо кишварҳои хориҷӣ" пуштибонӣ ёфтааст, ба мавзӯи "Кӯдакон барои кӯдакон: дарсҳои забони русӣ барои ҳамсолони бурунмарзӣ" бахшида шуда буд.

Қабл аз оғози дарси "телепулӣ" Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода, президенти Ташкилоти минтақавии ҷамъиятии вилояти Свердловски Федератсияи Россия "Диаспораи тоҷик "Дидор"' Мастбегим Ошурбекова, ҳамраиси Шӯрои ҳамоҳангсозии диаспоравии назди Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Ёқубҷон Умаров, директори Литсейи политехникии рақами 21-и шаҳри Полевскойи вилояти Свердловски Федератсияи Россия Людмила Высотская суханронии шодбошӣ намуданд.

Аз синфхонаи мактаби миёнаи таҳсилоти ҳамагонии рақами 75-и шаҳри Турсунзода мудири шуъбаи пуштибонӣ ва рушди пружаҳои забонии "Хонаи мардумони Россия" Фариде Арония суханронии шодбошӣ намуд. Роҳбари синфи мактаббачагони тоҷикистонӣ дар ҷараёни дарси "телепулӣ" раиси Маркази русии фарҳангиву маърифатии "Созидание"-и шаҳри Турсунзодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Марина Дик буд.

Нақши суҳбаторои "телепул"-ро узви раёсати Бунёди фаъолнокии иҷтимоӣ "Идея" Элмира Самохина ба зиммаи хеш гирифта буд.