БЕЖАН ДАР АВРУПО ЧЕМПИОНИ ҶАҲОН ШУД
Дата публикации: 27.11.2023
Хоҷалиев Бежан донишҷӯи Донишгоҳи шаҳри Пензаи Федератсияи Россия дар чемпионати ҷаҳонӣ аз рӯи намуди варзиши муҳорибаи омехта (ММА) дар миёни варзишгарони ғайрикасбӣ сазовори ҷойи аввал гардид.
Роҳбари Ташкилоти ҷамъиятии фарҳангии тоҷикони шаҳри Пенза Шеров Олимҷон иттилоъ доданд, ки “чемпионати ҷаҳонӣ миёни варзишгарон аз 20 то 25 ноябри соли ҷорӣ дар шаҳри Албания баргузор гардид, ки варзишгари тоҷик дар вазни 52 киллограм рақобат намуда, ғолиби мутлақ дар вазни худ гардид”.
Ёдовар мешавем, ки Хоҷалиев Бежан шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, айниҳол, донишҷӯи Донишгоҳи давлатии шаҳри Пензаи Федератсияи Россия буда, аъзои фаъоли Ташкилоти ҷамъиятии фарҳангии тоҷикони шаҳри Пенза мебошад.