МАҚОМИ АВВАЛИ ҶОВИДОН ИСМОИЛОВ ДАР ШАҲРИ МОСКВА
Вазнабардорони Тоҷикистон дар мусобиқаи IX ҷаҳон оид ба қувваи варзиш, ки рӯзҳои 16 ва 17 декабри соли 2023 дар шаҳри Маскав (Россия) баргузор гардид, ширкат карданд, ки дар натиҷа варзишгарони мо 4 медал (3 тилло, 1 нуқра) ба даст оварданд.
Шоистаи зикр аст, ки ҳамватани мо Исмоилов Ҷовидон, ки дар Федератсияи Россия кору фаъолият ва машқу тамрин менамояд дар вазни беш аз 250 килограмм мақоми аввалро касб намуда, чемпиони ҷаҳон дар ин вазн гардид.
Дар мусобиқаи мазкур варзишгарон аз 29 кишвари олам миёни ҳам рақобат намуданд. Мавриди зикр аст, ки ҳамватанони мо дар риштаҳои гуногуни варзиш дар қаламрави Федератсияи Россия ба машқу тамрин машғул буда, дар мусобиқаҳои гуногуни сатҳи ҷаҳонӣ иштирок менамоянд.
Борҳо ҳамватанони мо дар мусобиқаҳои сатҳи гуногун дар Федератсияи Россия иштирок намуда, Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистонро боло бардоштаанд.