Варзишгари шинохтаи тоҷик Баҳодур Усмонов дар мусобиқаи «RCC Boxing Fest» бар ҳарифаш Артем Пугач ғолиб омад

Главная \ Варзиш \ Варзишгари шинохтаи тоҷик Баҳодур Усмонов дар мусобиқаи «RCC Boxing Fest» бар ҳарифаш Артем Пугач ғолиб омад
Варзишгари шинохтаи тоҷик Баҳодур Усмонов дар мусобиқаи «RCC Boxing Fest» бар ҳарифаш Артем Пугач ғолиб омад

Муштзани тоҷик Баҳодур Усмонов дар мусобиқаи навбатии «RCC Boxing Fest», ки 17 август баргузор гардид, бо варзишгари Русия рақобат карда, бо ҳисоби 2-4-2 ғолиб омад. 

Ба иттилои манбаъ, рақобати муштзанон дар шаҳри Екатеринбурги Русия доир шуд. Дар ҷараёни мубориза муштзани тоҷик фаъол буд ва зарбаҳояш ҳадафмандона ҷониби рақиб равона мегардиданд. Дар навбати худ Артем Пугач ҳам баъзан маврид зарбаҳояш ба самти мушаххас зада мешуданд.

Ҳамин тавр, бо қарори якдилонаи доварон ғолибият насиби муштзани соҳибноми тоҷик гардид.