Варзишгарони тоҷик дар Екатеренбург 8 медал ба даст оварданд
Рӯзи 5-уми Фестивали байналмилалии донишҷӯёни варзишгар дар шаҳри Екатеринбурги Русия ба анҷом расид. Дар ин рӯзи мусобиқа муштзанони тоҷик Миҷгона Самадова дар вазни то 57 кг бо мағлуб кардани рақибон соҳиби медали тилло, Дилдода Асақалова дар вазни то 54 кг бо шикаст додани рақибон соҳиби медали биринҷӣ ва Абубакр Муродзода дар вазни то 60 кг бо ҳунару маҳорати воло ва ноком кардани рақибон соҳиби медали тиллои мусобиқа гардиданд.
Варзишгарони Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмуъмин Раҳимов то имрӯз аз рӯи гӯштини ҷудо 1 медали тилло — Абубакр Шеров (-73 кг), 1 медали биринҷӣ дар ҳайати даставӣ ва дар бокс 4 медали биринҷӣ — Дилдода Асақалова (-54кг), Шоҳин Ҳигматов (-63,5кг), Диёр Султонов (-75кг), Толибҷон Расулов (-86кг) ба даст оварданд.
Ёдовар мешавем, ки Фестивали байналмилалии донишҷӯёни варзишгар аз 19 то 31 август дар шаҳри Екатеринбурги Русия байни варзишгарони донишҷӯи 36 мамлакат аз рӯи 14 намуди варзиш идома меёбад. Тоҷикистонро дар мусобиқаи мазкур 54 нафар варзишгарон аз рӯи 6 намуди варзиш муаррифӣ доранд.