Боздиди дастаҷамъӣ аз Маркази екатеринбургии нигаҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷӣ

Главная \ Боздиди дастаҷамъӣ аз Маркази екатеринбургии нигаҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷӣ
← Предыдущая Следующая →

Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода якҷо бо раиси комиссияи Маҷлиси қонунгузории вилояти Свердловски Федератсияи Россия оид ба фаъолияти байнипарлумонӣ Вячеслав Вегнер, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар вилояти Свердловски Федератсияи Россия Татяна Мерзлякова, намояндаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Урал Беҳрӯз Холиқов, президенти Ташкилоти минтақавии ҷамъиятии вилояти Свердловск "Диаспораи тоҷик "Дидор"" Мастбегим Ошурбекова, ҳамраиси Шӯрои ҳамоҳангсозии диаспоравии назди Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Ёқубҷон Умаров аз Маркази екатеринбургии нигаҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷӣ воқеъ дар кӯчаи "Горнистов", 15/4 дидан карданд.

Дидани Марказ аз мулоқоти шахсони номбурда бо сардори он Евгений Ковшов оғоз ёфт.

Дар мулоқот ҳамчунин мушовири Омбудсмени минтақаи Урали Миёна Элина Руденкина, ёвари Вячеслав Вегнер Владимир Кузнецов ва муовини  сардори Маркази екатеринбургии нигаҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷӣ Александра Кузнетсова ширкат доштанд.

Дар бораи зарурати тарки ҳарчӣ зудтар аз боздоштгоҳи муваққатӣ ва қаламрави Россия аз ҷониби шаҳрвандони хориҷие, ки дар ин Марказ нигаҳдорӣ мешаванд, табодули муфассалу судманди афкор сурат гирифт.

Аксари иштирокчиёни вохӯрӣ ибтикори бидуни нигаҳдории қаблӣ дар боздоштгоҳи муваққатии шаҳрвандони хориҷӣ, яъне мустақилона ба Ватан баргаштани қоидашиканҳои маъмуриро аз ҳисоби занони ҳомиладор ва занони соҳиби кӯдакони ноболиғ пуштибонӣ карданд.

Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки алҳол муҳлати боздошти шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар Маркази екатеринбургии нигаҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷӣ ба ҳисоби миёна ба андозаи 6 рӯз кам карда шудааст.

Пас аз анҷоми мулоқот дар дафтари кории Евгений Ковшов Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар меҳмонони Маркази нигаҳдории муваққатӣ бо бошандагони он, аз ҷумла бо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон суҳбатҳои дилнишин доир намуда, ба саволҳояшон посух доданд ва бо онҳо перомуни мавзӯъҳои марбут ба ҳалли масъалаҳои мавҷудаи мушкилдор гуфтугӯ намуданд.