Дар анҷоми соли 2024 Муассисаи давлатии “Хонаи миллатҳои шаҳри Москва” роҳбари Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Шӯрои ҷамъиятии назди Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Додихудоев Додихудоро бо сипоснома қадрдонӣ намуд.
Зимни маросими супоридани сипоснома директори “Хонаи миллатҳои шаҳри Москва” Ануфриенко Сергей Сергеевич барои ҳамкориҳои мутақобиланд судманди чандинсола дар самти кор бо ҷавонон ва варзиш, инчунин иштироки фаъолонаи тоҷикон дар чорабиниҳои гуногуни оммавию варзишӣ ба Додихудоев Додихудо изҳори сипос намуд.