«TAJNSK»-и Новосибирск ба финал баромад 

Главная \ Варзиш \ «TAJNSK»-и Новосибирск ба финал баромад 
«TAJNSK»-и Новосибирск ба финал баромад 

Дастаи футболи хӯрди «TAJNSK» ва Клуби футболи тоҷикони шаҳри Новосибирски Федератсияи Россия дар Кубоки вилояти Новосибирск бо ҳисоби 4:1 ба дастаи «Сибир»-и вилояти Новосибирск  ғолибият ба даст оварда, ба даври финалии Кубоки вилояти Новосибирск роҳ ёфт. 

 Дар финали мусобиқаи мазкур санаи 22 декабри соли 2023, соати 22:00 ба вақти вилояти Новосибирск дар майдони футболи хӯрди «Манеж Заря» дастаи «TAJNSK» ва «ПроффЛойд» вилояти Новосибирск вориди майдон мешавад. 
Мавриди зикр аст, ки дастаи «TAJNSK» ва «ПроффЛойд».  вилояти Новосибирск дар мусобиқаҳои вилоятӣ, шаҳрӣ ва федералӣ аз рӯи намуди футболи хӯрд (дастаҳои 5/5, 6/6, 7/7 ва 8/8) иштирок намуда, дастовардҳои шоистаро дар солҳои 2021 ва 2022 дар Лигаи якуми футболи хӯрд ба даст овардаанд. 
Дар мусобиқаи мазкур дастаи «TAJNSK» аз руи тақвим 31 бозӣ бо дастаҳои вилояти Новосибирск намуда, бозингарони ҳайати даста 75 гол ба дарвозаҳои ҳарифон ворид намудаанд.
Клуби футболи тоҷикони шаҳри Новосибирск «TAJNSK» аз ҷониби соҳибкори ватандӯсти миллати тоҷик дар ин минтақаи мазкур Назиров Ёқубҷон Яҳёевич таъсис ва маблағгузорӣ карда шуда, ҳайати даста бо либосҳои ягона, таҷҳизотҳои тамринӣ ва автомашина барои ҳайати даста харидорӣ ва таъмин карда шудаанд. 
Дар ҳайати даста тоҷикони муқимӣ, донишҷӯёни тоҷик дар минтақаи мазкур шомил буда, ҳайати даста дар майдони иҷоравӣ, ки аз ҷониби соҳибкор маблағгузорӣ карда мешавад, пайваста машқу тамрин менамоянд.