Ифтихори мо

Главная \ Ифтихори мо
“RUSMOSTRANS” ЯКЕ АЗ ШИРКАТҲОИ МУВАФФАҚ ДАР РОССИЯ

“RUSMOSTRANS” яке аз ширкатҳои муваффақи Федератсияи Россия буда, муддати 20 сол инҷониб дар қаламрави Федератсияи Россия фаъолият намуда истодааст.

Соҳибкори муваффақи тоҷики муқими Федератсияи Россия Наимов Фирдавс молики ширкати мазкур буда, дар ҳайати ширкати мазкур тоҷикони муқимӣ ва муҳоҷирони меҳнатӣ кору фаъолият менамоянд.

“RUSMOSTRANS” ЯКЕ АЗ ШИРКАТҲОИ МУВАФФАҚ ДАР РОССИЯ
В.В.ПУТИН БА ДУХТУРИ ТОҶИК СИПОСНОМА ДОД

Президенти Федератсияи Россияи В.В.Путин духтури тоҷиктабори муқими шаҳри Москва Майбалиев Фаромуз  Муқимовичро барои хизматҳои шоиста дар соҳаи тандурустӣ ва меҳнати бисёрсолаи софдилона бо сипоснома  қадрдонӣ намуд.

В.В.ПУТИН БА ДУХТУРИ ТОҶИК СИПОСНОМА ДОД
ИФТИХОРИ МО: ЮНУС ДАР ТОТОРИСТОН НАҚШОФАРӢ МЕНАМОЯД
Юнус дар соҳои  2022 - 2023 дар фестивал-озмуни  телевизионии "Созвездие-  Йолдызлык" ки дар байни наврасону ҷавонони Ҷумҳурии Тотористони Федератсияи Россия баргузор гардида буд аз рӯи  номинатсияи «Конферанс»   ҷои дуюмро ишғол намудааст.
ИФТИХОРИ МО: ЮНУС ДАР ТОТОРИСТОН НАҚШОФАРӢ МЕНАМОЯД
ТОҶИКЕ, КИ БОИСИ ИФТИХОРИ ҲАМВАТАНОН АСТ
Умаров Ёқубҷон инсони аз ҷиҳати сиёсат пухта буда, бо диди фарохи таҳлилгарӣ ва чун инсони ватандӯст дар пайванди муносибатҳои дӯстиву ҳамкории Тоҷикистону Россия саҳми назаррас дорад.
ТОҶИКЕ, КИ БОИСИ ИФТИХОРИ ҲАМВАТАНОН АСТ
Ҳоҷимурод Қаландаров бар ивази ҷонаш кӯдакро наҷот дод
Ҳангоми истироҳати зодагони Тоҷикистон дар соҳили дарёи Белая Ҳоҷимурод мебинад, ки кӯдаке ғарқ шуда истодааст ва худро ба об андохта, кӯдакро наҷот медиҳад. Вай кӯдакро ба соҳил тела дода, аз марг мераҳонад, вале гирдоб ӯро ба комаш фурӯ мекашад. 
Ҳоҷимурод Қаландаров бар ивази ҷонаш кӯдакро наҷот дод
Қаҳрамонии Фарзон Салимов ва ҳамроҳонаш дар хотираҳои мардум боқист!
Ҳатто, Владимир  Соловёв, ровии маъруфи телевизиони “Россия 1”, дар барномаи “Вечер с Владимиром Соловьевым” аз қаҳрамонии ин ҷавонмардон ситоиш карда чунин гуфта буд: “Ана онҳо қаҳрамонанд! Ба онҳо бояд мукофот диҳанд!”.
Қаҳрамонии Фарзон Салимов ва ҳамроҳонаш дар хотираҳои мардум боқист!
Ҷавонмардии Манучеҳр дар шаҳри Екатеренбург

Бори аввал нест, ки шаҳрвандони Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ҷони худро дар хатар гузошта, барои наҷоти одамон корнамоӣ нишон медиҳанд. Бархе, ҳатто, дар чунин ҳодисаҳо ҷони худро аз даст додаанд. Ҳоло мо доир ба чанд корнамоии ҳамватанони худ дар Федератсияи Россия нақл мекунем, ки воқеан, ифтихорафзо ва намунаи барҷастаи инсонгароӣ мебошад.

Ҷавонмардии Манучеҳр дар шаҳри Екатеренбург
Ифтихор аст: Талош барои наҷоти ҷони кӯдаки хӯрдсол
Анҷом додани амалҳои ҷавонмардӣ ва ҷасорату мардонагиро танҳо онҳое анҷом медиҳанд, ки дили бузургу андешаи устувор доранд. Ин андешаҳои созанда ва устувор дар дили мардум шуълаи умедро ба зиндагӣ дурахшон мекунад.
Ифтихор аст: Талош барои наҷоти ҷони кӯдаки хӯрдсол