ТОҶИКЕ, КИ БОИСИ ИФТИХОРИ ҲАМВАТАНОН АСТ

Главная \ Ифтихори мо \ ТОҶИКЕ, КИ БОИСИ ИФТИХОРИ ҲАМВАТАНОН АСТ

 Ёқубҷон Умаров як нафар ҳамватани мост, ки айни ҳол  дар ноҳияи Сисертскийи вилояти Свердловскийи Федератсияи Россия   зиндагӣ мекунад. Ӯ 15 майи соли 1969 дар деҳаи Оқ-Қӯрғони ноҳияи Рӯдакии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дунё омадааст. Хатмкардаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон буда, соли 1993 бахши таърихи ин даргоҳи илмро бо ихтисоси муаллими фанҳои таърих ва ҷамъиятшиносӣ хатм кардааст. Қабл аз  омадан ба вилояти Свердловскийи Федератсияи Россия Ёқубҷон Умаров дар мактабҳои таълимоти умумии рақамҳои 13 ва 5-и мавзеи Оби Гарми шаҳри Роғун ба ҳайси муаллими фанҳои таърих ва ҷамъиятшиносӣ фаъолият доштааст. Дар ин давра  ӯ ҳамзамон дар вазифаи муовини сарвари мактаб оид ба корҳои тарбиявӣ кор кардааст.

Ёқубҷон Умаров чун як фарди кордони заҳматқарин аз соли 1995 инҷониб дар як қатор ширкатҳои сохтмонии шаҳри Екатеринбург ва вилояти Свердловск фаъолияти назаррас дорад. Ӯ риштаи тақдирашро бо ҳамдиёраш Ширинова Зебогул Муҳаббатовна, соли таваллудаш 27 майи 1973 пайванд дода, аз ин пайванд соҳиби се писар ва ду духтар гардидаанд. Феълан ду фарзанди ин ҷуфти муносиб муҳассили макотиб буда, боқимондаашон ба синни балоғат расидаанд.

 Қобили қайд аст, ки Ёқубҷон Умаров  ходими намоён ва фаъоли ҷамъиятии диаспораи тоҷикон дар Федератсияи Россия мебошад. Аз соли 2005 то соли 2019 ӯ муовини раиси Ташкилоти ҷамъиятии минтақавии “Ҷамъияти фарҳангии тоҷикон “Сомон” дар шаҳри Свердловский буд. Аз моҳи январи соли 2022 Ёқубҷон Умаров ба ҳайси муовини аввали раиси   Шӯрои ҷамъиятии назди Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург ифои вазифа мекунад. Мавсуф тӯли солиёни зиёд дар Маркази нигаҳдошти муваққатии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бетабаа, ки қароргоҳаш дар кӯчаи Горнистов 15/4 ҷой гирифтааст,  ба таври доимӣ корҳои тарбиявиву ахлоқӣ пеш мебарад.

 Илова бар ин, мазкур чун як узви фаъоли Шӯрои ҷамъиятии назди Сафорати Тоҷикистон дар Россия (ш. Москва) дар пешбурди  корҳои манфиатноки ҷамъиятӣ  саҳмгузорӣ мекунад.  Ӯ ба мақсади баланд бардоштани  сатҳи фарҳанги маънавии ҳамватанон дар масоҷиди вилояти Свердловский бо каломи пурмӯҳтаво суханронӣ карда, ба ин восита дар ҳамзистии осоиштаи шаҳрвандони тоҷик бо қавму миллатҳои дигар дар  ҷомеа саҳми назаррас мегузорад.

  Ин ҳамдиёри ватандӯсти мо ҳанӯз пеш аз  таъйин шуданаш ба вазифаи муовини аввали раиси  Шӯрои ҷамъиятии назди Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург, замони пандемияи коронавирус ва маҳкам будани сарҳадҳои давлатии кишварҳо дар роҳандозӣ кардани парвози ҳазорон шаҳрвандони Тоҷикистон бо рейсҳои махсуси мусофиркашонӣ мусоидат намудааст. Ҳамчунин тавассути фаъолияти хуби ӯ, ҳангоми узви комиссияи ҳавзавии  интихоботӣ буданаш дар моҳи марти соли 2020 дар Екатеринбург, интихоботи намояндагон ба Парламент ва мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки шаҳрвандони тоҷикистоние, ки дар ҳудуди ҳавзаи федералии Урал ба сар мебаранд, ба дараҷаи баланд  гузашт.

 Умаров Ёқубҷон инсони аз ҷиҳати сиёсат пухта буда, бо диди фарохи таҳлилгарӣ ва чун инсони ватандӯст дар пайванди муносибатҳои дӯстиву ҳамкории Тоҷикистону Россия саҳми назаррас дорад.

    Ғайр аз ин, тавре дар боло зикр кардем, Умаров Ё.У. дар хонавода падари намунавӣ буда, фарзандонаш беҳтарин тарбияи ахлоқӣ гирифтаанд. Фарзандони хонаводаи Ёқубҷон Умаров  дар рӯҳияи беҳтарин хислатҳои инсонӣ тарбия гирифта, ба арзишҳои маънавии кишвари иқомат арҷ мегузоранд ва бо ин фарҳанги баланди тоҷиконро нишон  медиҳанд.

    12 июни соли 2021 хонаводаи Ёқубҷон Умаров дар Фестивали намоиши фарҳангҳои миллӣ, ки бо ибтикор ва иштироки сарони ҳавзаи шаҳрии Арамилскийи вилояти Свердловск баргузор шуд, яке аз беҳтаринҳо дониста шуд.

   Тоҷикистон бо чунин фарзанди арзандаи худ, ки номи тоҷикистониёнро берун аз кишвар низ ба таври намунаи ибрат муаррифӣ мекунад, ифтихор дорад. Бигузор сафи чунин ҳамватанонамон дар тамоми кунҷу канораҳои дунё афзунтар гардад. Зиҳӣ, ҳамдиёри лоиқу кордонамон Ёқубҷон Умаров.