“RUSMOSTRANS” ЯКЕ АЗ ШИРКАТҲОИ МУВАФФАҚ ДАР РОССИЯ

Главная \ Ифтихори мо \ “RUSMOSTRANS” ЯКЕ АЗ ШИРКАТҲОИ МУВАФФАҚ ДАР РОССИЯ

“RUSMOSTRANS” яке аз ширкатҳои муваффақи Федератсияи Россия буда, муддати 20 сол инҷониб дар қаламрави Федератсияи Россия фаъолият намуда истодааст.

Соҳибкори муваффақи тоҷики муқими Федератсияи Россия Наимов Фирдавс молики ширкати мазкур буда, дар ҳайати ширкати мазкур тоҷикони муқимӣ ва муҳоҷирони меҳнатӣ кору фаъолият менамоянд.

Ҳамасола аз ҷониби соҳибкори ватанӣ баҳри дастгирии ҳамвтанонон дар кишвари иқомат, дастгирии донишҷӯёну ҷавонон ҷиҳати баргузории чорабиниҳои гуногун кӯмакпулиҳо расонида мешавад. Соҳибкори муваффақи тоҷик Фирдавс Наимов, инчунин дар корҳои созандагиву бунёдкорӣ дар қаламрави Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми арзанда дорад.

Дар анҷоми соли ҷорӣ ширкати “RUSMOSTRANS” 20 солагии фаъолияти худро таҷлил намуда, беҳтарин кормандон бо сипоснома ва кӯмакпулиҳо қадрдонӣ карда шуданд.