МУСОБИҚАИ ФУТБОЛИ ХӮРД ДАР НОВОКУЗНЕСК БАРГУЗОР ГАРДИД

Главная \ Варзиш \ МУСОБИҚАИ ФУТБОЛИ ХӮРД ДАР НОВОКУЗНЕСК БАРГУЗОР ГАРДИД
МУСОБИҚАИ ФУТБОЛИ ХӮРД ДАР НОВОКУЗНЕСК БАРГУЗОР ГАРДИД

Ташкилоти ҷамъиятии тоҷикони шаҳри Новокузнеск «Дӯстии Русияву Тоҷикистон» дар якҷоягӣ бо кормандони Шуъбаи назорати давлатии техникии КУЗБАСС бахшида ба Рӯзи муҳофизони Ватан мусобиқаи футболи хӯрдро ташкил ва баргузор намуд.

Дар мусобиқаи мазкур дастаҳо аз корхонаҳо ва ташкилоту намояндагони халқҳои минтақаи мазкур иштирок намуда, барои ба даст овардани Ҷоми мусобиқа миёни ҳам рақобат намуданд.

Дастаи  ҷавонони Тоҷикистони муқими шаҳри Навокузнеск маҳорати баланди касбӣ нишон дода, ба ҳарифонро бо ҳисобҳои калон шикаст дода, дар даври финалӣ бо дастаи ҷавонони қирғиз вориди рақобат гардида, дастаи мазкурро шикаст дода, сазовори ҷойи якум ва ғолиби мусобиқаи мазкур гардиданд.

Ҷойи дуюм насиби дастаи ҷавонони қирғизи муқими шаҳр ва ҷойи сеюм насиби тарбиятгирандагони Хонаи кӯдакони «Ҷазираи Умед»-и шаҳри Новокузнеск гардид.