ЧОРАБИНИИ ТАНТАНАВӢ ДАР ШАҲРИ МОСКВА

Главная \ ЧОРАБИНИИ ТАНТАНАВӢ ДАР ШАҲРИ МОСКВА
← Предыдущая Следующая →

Имрӯз, 8 сентябри соли 2023 дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия бахшида ба 32-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.

Чорабинии мазкур аз ҷониби занони фаъоли тоҷик, ки дар шаҳри Москва ва вилояти он дар соҳаҳои гуногун кору фаъолият менамоянд, ташкил карда шуда, дар он беш аз 100 нафар занону бонувон иштирок намуданд.

Бахшида ба Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби занону бонувони тоҷики муқими шаҳри Москва намоиши ҳунарҳои мардумӣ, барномаи рангинӣ фарҳангӣ ташкил карда шуда, дар он оид ба дастовардҳои муҳими даврони соҳибистиқлолии кишвар, ҳифзу гиромидошти арзишҳои милливу давлатӣ ва тарбия намудани насли ҷавони кишвар дар роҳи худшиносиву худогоҳии миллӣ андешаронӣ намуданд. 

Инчунин, дар чорабинии  мазкур кормандони Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия, Шӯрои ҷамъиятии назди Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия иштирок ва суханронӣ намуда, иброз доштанд, ки дар заминаи сиёсати оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ  - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони соҳибистиқлолии кишвар мақоми зан – модар  боло бардошта шуда, занону бонувони тоҷик дар соҳаҳои гуногуни иқтисодию иҷтимоии кишвари азизамон саҳмгузорӣ менамоянд.

Шоистаи зикр аст, ки занони тоҷик дар хориҷи кишвар барои муаррифии фарҳангу таърих, расму оинҳои миллӣ ва санъати волои мардумӣ пайваста талош намуда, дар чорабиниҳои гуногуни ҷамъиятиву сиёсӣ дар қаламрави Федератсияи Россия иштирок менамоянд.