ДАР ОСЕТИЯИ ШИМОЛӢ РОҲБАРИ ТОҶИКОН ҚАДРДОНӢ ГАРДИД

Главная \ ДАР ОСЕТИЯИ ШИМОЛӢ РОҲБАРИ ТОҶИКОН ҚАДРДОНӢ ГАРДИД
← Предыдущая Следующая →

Роҳбари Ташкилоти ҷамъиятии тоҷикони Осетияи Шимолӣ Худодов Арсен Назархудоевич дар маҷлиси ҷамъбастӣ дар Осетияи Шимолӣ бо сипосномаи вазир оид ба сиёсати миллӣ ва алоқаи берунӣ Осетияи Шимолӣ сарфароз гардонида шуд.

Зимни тақдими сипоснома зикр гардид, ки Ташкилоти ҷамъиятии тоҷикони Осетияи Шимолӣ дар соли 2023 чорабиниҳои гуногуни адабию фарҳангӣ, варзишӣ ва мулоқоту вохуриҳои судманро бо ҳамватанон доир намуда, барои таҳкими муносибати халқҳои ду кишвар саҳми назаррас дорад.

 

Дар ҷаласаи мазкур Роҳбари Ташкилоти ҷамъиятии тоҷикони Осетияи Шимолӣ Худодов Арсен суханронӣ намуда, изҳори сипоси худро ба ҳукумати Осетияи Шимолӣ барои мусоидат ҷиҳати ҳалли мушкилоти ҳамвтанон дар ин минтақаи Федератсияи Россия баён намуд.