МУРОҶИАТИ ШАҲРВАНДОН: 1200 НАФАР БА ШӮРОИ ҶАМЪИЯТӢ МУРОҶИАТ НАМУД

Главная \ МУРОҶИАТИ ШАҲРВАНДОН: 1200 НАФАР БА ШӮРОИ ҶАМЪИЯТӢ МУРОҶИАТ НАМУД
← Предыдущая Следующая →

Имрӯз дар утоқи кории Шӯрои ҷамъиятии назди Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия рӯзи қабули шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон - муҳоҷирони меҳнатӣ, ки дар қаламрави Федератсияи Россия кору фаъолият менамоянд аз ҷониби ҳуқуқшиноси Шӯрои ҷамъиятӣ Собиров Муҳаммад баргузор гардид.

Дар рӯзи қабул шаҳрвандоне, ки вобаста ба боздошти ғайриқонунӣ, риоя нашудани ҳуқуқу манфиатҳои онҳо аз ҷониби кормандони мақомоти марбутаи РФ, қарорҳои беасоси судҳо ва дигар масъалаҳои марбута дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ муроҷиат намуданд.

Ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон тавсия ва машваратҳои ҳуқуқӣ дода шуда, масъалаҳои марбутаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасии минбаъда аз ҷониби ҳуқуқшиносони Шӯрои ҷамъиятӣ  қабул карда шуданд.

Дар давоми ҳафтаи равон ба ҳуқуқшиносони Шӯрои ҷамъиятӣ зиёда аз 1200 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон – муҳоҷирони меҳнатӣ вобаста ба гирифтани тавсия ва машваратҳои ҳуқуқӣ муроҷиат намуданд.
 

Ёдовар мешавем, ки ҳар рӯзи шанбе аз ҷониби ҳуқуқшиносони Шӯрои ҷамъиятии назди Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия  рӯзи қабули шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон – муҳоҷирони меҳнатӣ ба роҳ монда шуда, ҳуқуқшиносон ба шаҳрвандон тавсия ва машваратҳои ҳуқуқӣ медиҳанд.  

Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон   – муҳоҷирони меҳнатӣ, ки дар қаламрави Федератсияи Россия қарор доранд, метавонанд вобаста ба масъалаҳои ҳуқуқии худ ба Шӯрои ҷамъиятӣ, воқеъ дар бинои нави Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия, шаҳри Москва, кӯчаи 2-юми Тверская- Ямская, хонаи 40\3 муроҷиат намуданд.