РОҲБАРИ ТОҶИКОН ДАР ШАҲРИ КОВРОВ БО НИШОНИ ФАХРӢ САРФАРОЗ ГАРДИД

Главная \ Муҳоҷирони меҳнатӣ \ РОҲБАРИ ТОҶИКОН ДАР ШАҲРИ КОВРОВ БО НИШОНИ ФАХРӢ САРФАРОЗ ГАРДИД
← Предыдущая Следующая →

Ҳамасола 2-3 сентябр дар вилояти Владимири Федератсияи Россия ҳамчун рӯзи таъсисёбии шаҳри Ковров таҷлил карда мешавад. 
Мавриди зикр аст, ки дар шаҳри Коврови вилояти Владимири Федератсияи Россия тоҷикони муқимӣ, муҳоҷирони меҳнатӣ кору фаъолият намуда, Ташкилоти ҷамъиятии фарҳангии тоҷикон дар шаҳри Ковров низ бо баргузории чорабиниҳои мухталиф ва муосидат ба ҳалли мушкилоти тоҷикони шаҳр мунтазам фаъолияти густурда менамояд. 
Имрӯз дар маросими тантанавӣ бахшида ба Рӯзи таъсисёбии шаҳр раиси шаҳри Ковров Елена Владимировна Фомина ба роҳбари ташкилоти ҷамъиятии тоҷикони шаҳри Коврови вилояти Владимири Федератсияи Россия Саидов Назрулло Файзович барои фаъолияти мунтазам дар корҳои ҷамъиятӣ, мустаҳкамнамоии робитаҳои байнихалқӣ бо нишони фахрии шаҳри Ковров “Ковров – шаҳри шуҳрати ҳарбӣ” сарфароз гардонида шуд.
Мавриди шоистаи зикр аст, ки фаъолияти ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар қаламравӣ Федератсияи Россия барои мустаҳкамнамоии робитаҳои байнайлхалқӣ, густариши робитаҳои байнифарҳангӣ, таҳкими муносибатҳои бародариву тарғиби арзишҳои миллии тоҷикӣ дар минтақаҳои гуногуни Россия заминаи мусоидро фароҳам меоварад.