Сарвазири Тоҷикистон бо Раиси Ҷумҳурии Тотористон мулоқот намуд

Главная \ Сарвазири Тоҷикистон бо Раиси Ҷумҳурии Тотористон мулоқот намуд
← Предыдущая Следующая →

Дар доираи сафари корӣ ба Федератсия Русия Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар шаҳри Екатеринбург бо Раиси Ҷумҳурии Тотористон Рустам Минниханов мулоқот намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Таъкид гардид, ки муколамаи доимии сарони давлатҳо ва сафарҳои мутақобила барои кор дар сатҳи байниминтақавӣ шароиту имконияти хуб фароҳам меорад.

Иттилоъ дода шуд, ки мубодилаи мол байни Тотористон ва Тоҷикистон афзоиш ёфта, аз рӯйи натиҷаҳои соли гузашта 36 миллион долларро ташкил дод.

Ҷонибҳо иброз доштанд, ки аз имконияти мавҷуда пурра истифода намегардад ва бояд ҳамкории мутақобила дар соҳаи тиҷорату иқтисод тақвият бахшида шавад.

Ҳамзамон рушди ҳамкорӣ байни корхонаҳои ду давлат муҳим шуморида шуд.


Ҳамкорӣ дар  соҳаҳои мошинсозӣ, нафту кимиё, кишоварзӣ, тандурустӣ ва технологияҳои иттилоотиро ҷонибҳо самти афзалиятнок арзёбӣ карданд.

Ҷонибҳо муҳимияти ҳамкориро дар ҳама сатҳҳо таъкид намуданд.

Ҳамчунин ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо фаъолияти корхонаи коркарди оҳан «Уралмашзавод» шинос шуд.

Ёдовар мешавем, ки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ҷиҳати иштирок дар Намоишгоҳи 14-уми байналмилалии саноатии «INNOPROM» дар шаҳри Екатеринбурги Федератсияи Русия қарор дорад.