Суҳбати муфид бо узви соҳибобрӯи Шӯрои ҳавзавии ҷамъиятии назди Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург 

Главная \ Суҳбати муфид бо узви соҳибобрӯи Шӯрои ҳавзавии ҷамъиятии назди Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург 
← Предыдущая Следующая →

2 январи соли 2024 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода бо соҳибкори муваффақи екатеринбургии тоҷиктабор, узви соҳибобрӯи Шӯрои ҳавзавии ҷамъиятии назди Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Файзулло Машрабзода Каримов мулоқот намуд. 

Дипломати тоҷик ба Файзулло Машрабзода Каримов барои он кори муҳиму аз нигоҳи иҷтимоӣ муфиде, ки тайи соли сипаришудаи 2023  ба ҳайси узви Шӯрои ҳавзавии ҷамъиятии назди Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург ва шарики рушди сарзамини аҷдодӣ--Тоҷикистон--анҷом додааст, изҳори сипос кард.

Ҳамсуҳбатон перомуни масъалаҳои пешнависи рӯзномаи маҷлиси қарибулвуқӯи Шӯрои ҳавзавии ҷамъиятии назди Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург мубодилаи афкору андеша карданд.
Дар ин қарина Файзулло Машрабзода Каримов як силсила пешниҳодҳои ҷолибу асосноки хешро иброз дошт.