Таҷлили пуршукӯҳи Рӯзи Рӯдакӣ дар шаҳри Москва

Главная \ Таҷлили пуршукӯҳи Рӯзи Рӯдакӣ дар шаҳри Москва
← Предыдущая Следующая →

9 ноябри соли ҷорӣ дар шаҳри Москва  бахшида ба 1165-солагии Сардафтари  адабиёти классики тоҷику форс Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид.

Чорабинӣ  бо ибтикори Сафорат,  Шӯрои ҷамъиятии назди Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия дар ҳамкорӣ бо Академияи хоҷагии халқ ва идоракунии давлатии назди Президенти Федератсияи Россия доир шуд.

Дар чорабинӣ намояндагони мақомоти дахлдори Россия, доираҳои илмиву эҷодӣ, аз ҷумла шоирону нависандагон, олимону муҳаққиқон, устодон ва донишҷӯёни мактабҳои олӣ, инчунин тоҷикони муқими Федератсияи Россия иштирок намуданд. 

Сафири Тоҷикистон дар Россия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода зимни суханронии ифтитоҳии худ қайд намуд, ки Одамушшуаро устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ маъруфтарин сухансарои ҳамаи давру замонҳо буда, номи ӯ на танҳо дар таърихи адабиёти тоҷику форс, балки дар таърихи адабиёти ҷаҳонӣ  ҷовидон боқӣ мемонад. 

Аз соли 2002 бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола 22 сентябр  Рӯзи бунёдгузори адабиёти классикии тоҷику форс ба таври бошукӯҳ таҷлил мегардад. Дар ин рӯз дар ҳамаи шаҳру навоҳии Тоҷикистон бахшида ба ҳаёт ва фаъолияти ин шоири забардаст чорабиниҳои идона, маҳфилҳои адабӣ ва ҳамоишҳои илмӣ-адабӣ баргузор мешаванд.

Қайд шуд, ки барои тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон мояи ифтихори бузург аст, ки бо қарори ЮНЕСКО соли 2008 ҷомеаи фарҳангии ҷаҳон 1150–солагии устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакиро таҷлил намуд.

Дар назди ҳозирин, инчунин проректори Академияи хоҷагии халқ ва идоракунии давлатии назди Президенти Федератсияи Россия  Немировченко Полина Геннадиевна суханронӣ кард. Мавсуф роҷеъ ба робитаҳои густурдаи фарҳангӣ ва гуманитарии Тоҷикистону Россия ибрози назар карда, нақши муттаҳидкунандаи адабиёти классикӣ ва муосири тоҷикро муҳим арзёбӣ намуд.

Дар идомаи чорабинӣ ба меҳмонон филми мустанад дар бораи ҳаёт ва фаъолияти эҷодии устод Аӯабдуллоҳи Рӯдакӣ намоиш дода шуд, ки он ба меҳмонон таассуроти рангин ва хотирмон бахшид.

Ҳамчунин ба ҳозирин барномаи фарҳангии иборат аз саҳнаҳои театрикунонидашуда, таронаҳои рангин аз ашъори пурмазмуни устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, рақсҳои мавзуну дилнишин пешкаш гардид. 

Донишҷӯёни макотиби олии Россия аз эҷодиёти шоир намунаҳои беҳтаринро ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ қироат карданд.

Дар доираи баргузории чорабинии мазкур либосҳои миллӣ, ҳунарҳои мардумӣ, манзараҳои зебои кишвари азизамон – Тоҷикистони соҳибистиқлол ба намоиш гузошта шуданд.

Чорабинӣ дар фазои гарму дӯстона доир шуд. Меҳмонони чорабинӣ ба шарофати ин маҳфил бо фарҳангу адабиёти волои тоҷик ошноии бештар пайдо карданд.

  •  
  •