ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ ДАР ШАҲРИ МОСКВА

Главная \ ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ ДАР ШАҲРИ МОСКВА
← Предыдущая Следующая →

Дар шаҳри Маскави Федератсияи Русия бо ибикори Кумитаи кор бо кӯдакони томактабӣ ва мактабии Шӯрои ҷамъиятии назди Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия дар якҷоягӣ бо Ҷамъияти ҷавонон ва донишҷӯёни Тоҷикистон дар шаҳри Москва чорабинии тарбиявӣ - фарҳангӣ бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур муовини якуми Котиби Шӯрои ҷамъиятии назди Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Ҷурахонов Аъзам Ҷурахонович,  роҳбари Кумитаи кор бо кӯдакони томактабӣ ва мактабии Шӯрои ҷамъиятӣ Ҳайдарова Мавзуна Ашуровна, ҷавонони фаъол, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии ҳудуди шаҳри Москва, хонандагони мактабҳои миёна, ҳамватанони бурунмарзӣ, ҳаводорони забони ноби тоҷикӣ ва фаъолони ҷамъиятӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.  

Дар чорабинии мазкур таърихи пайдоиш ва рушди забони тоҷикӣ дар марҳилаҳои гуногун ва ҳифзи рукнҳои забони тоҷикӣ дар замони муосир  маърӯзаҳо ироа гардида, шеърҳо, дубайтиҳо ва достонҳо аз ашъори шоирони форсу тоҷик  қироат карда шуда, ансамбли «Парвоз» ва  «Диёр» беҳтарин барномаҳои рақсии худро манзури тамошобинон намуданд.

Инчунин дар доираи чорабинии мазкур саҳнаи театркунонидашудаи “Ҳиссаҳои нутқ” аз ҷониби хонандагону донишҷӯён ба марази тамошо гузошта шуда, таронаҳои ватандӯстона аз ҷониби иштирокчиёни чорабинӣ сароида шуд.