ҲУШДОР! Ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон!

Главная \ Эълонҳо \ ҲУШДОР! Ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон!

Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират ҳамватанонро ҳушдор медиҳад, ки Президенти Федератсияи Россия қонунҳои федералӣ «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба баъзе санадҳои қонунгузории Федератсияи Россия» аз 8 августи соли 2024, №260-ФЗ ва «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба “Кодекси Федератсияи Россия Дар бораи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ» №248-ФЗ тасвиб намуда, қонунҳои мазкур аз 5 феврали соли 2025 эътибор пайдо мекунад, ки ваколатҳои мақомоти корҳои дохилиро дар соҳаи муҳоҷират ба таври назаррас васеъ мекунанд.
Мутобиқи қонунҳои дар боло зикршуда, шахсони мансабдори мақомоти корҳои дохилии ваколатдор ӯҳдадоранд, ки дар бораи аз Федератсияи Россия ба таври маъмурӣ хориҷ кардани шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд қарор қабул кунанд.
Аз ин пас, назорати ҷойгиршавии шаҳрвандони хориҷӣ, ки қонунгузории Федератсияи Россияро вайрон кардаанд муайян гардида,
санҷиши ҳама гуна ҳуҷҷатҳо, мувофиқасозии хатсайри муҳоҷир то гузаргоҳи сарҳади давлатии Федератсияи Россия, назорати риояи маҳдудиятҳо ва қоидаҳо ва иҷрои вазифаҳоро ба роҳ монда мешавад.
Барои ба ҳисоб гирифтани теъдоди чунин қонунвайронкунандаҳо “Феҳристи шахсони назоратшаванда” ташкил гардида, ба ҳолати имрӯза ҳудуди 149 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистонро дар бар мегирад ва аз оғози соли 2025 дастраси ҳама мақомотҳои давлатӣ ва ғайридавлати мегардад.
Ба шаҳрванди хориҷӣ, ки ба феҳрист дохил карда шудааст, як қатор маҳдудиятҳо ҷорӣ мегарданд, аз ҷумла:
– бе иҷозати макомоти корхои дохилӣ ҷои истиқоматро иваз намояд;
– берун аз худуди субъекти Федератсияи Россия сафар кардан;
– харидори молу мулки ғайриманқул, воситаҳои нақлиёт, бақайдгирии амвол дар макомоти давлатӣ;
- издивоҷ кардан;
– бақайдгирӣ хамчун соҳибкори инфиродӣ;
– кушодани суратҳисоби бонкӣ ва анҷом додани дигар амалиёти бонкӣ;
– маҳдудиятҳои истифодаи ҳуқуқи идораи воситаи нақлиёт ва рад кардани супоридани имтиҳонҳо оид ба ҳуқуқи идораи воситаи нақлиёт ва додани (иваз кардани) шаҳодатномаи ронандагии миллӣ ё байналмилалии Россия пешбинӣ шудааст.

Шаҳрвандони хориҷие, ки бинобар қонунӣ нагардонидани будубош эҳтимолияти ихроҷ шуданро тариқи Марказҳои нигоҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷӣ пайдо мекунанд.

Аз ин лиҳоз, эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки барои ба танзим даровардани вазъи ҳуқуқӣ, шаҳрвандон бояд ба шуъбаҳои наздиктарини Вазорати корҳои дохилӣ оид ба масъалаҳои муҳоҷиратӣ бобати гузаштани расмиёти изи ангушт, суратгирӣ ва озмоишӣ тиббӣ муроҷиат намоянд.

Ҷиҳати муайян намудани вазъи ҳуқуқии худ ва пайдо намудани посух ба саволҳо ба Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират бо рақамҳои зерин муроҷиат намоед:

1. Ҳавзаи федералии Марказӣ, ш. Москва: +7 (495) 967-98-44, +7 (967) 271-02-02, +7 (929) 540-88-88, +7 (988) 676-00-00, +7 (966) 031-22-22, +7 (936) 174-19-92, +7 (993) 586-73-40 ва шабакаи иҷтимоии “WhatsApp” +7 (999) 912-58-68;

2. Ҳавзаи федералии Приволжие, ш. Уфа: +7 (926) 311-52-53;

3. Ҳавзаи федералии Шимолу Ғарб, ш. Санкт-Петербург: +7 (977) 963-25-69;

4. Ҳавзаи федералии Ҷанубӣ, ш. Краснодар: +7 (996) 120-77-77;

5. Ҳавзаи федералии Сибир, ш. Новосибирск: +7 (929) 388-54-11;

6. Ҳавзаи федералии Шарқи Дур, ш. Хабаровск: +7 (909) 809-55-48.