Фестивал-озмуни фарҳангҳои миллии «Гулчанбари Иттиҳод»

Главная \ Фарҳанг \ Фестивал-озмуни фарҳангҳои миллии «Гулчанбари Иттиҳод»
0
Фестивал-озмуни фарҳангҳои миллии «Гулчанбари Иттиҳод»

1 апрели соли 2024 бо мусоидати Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Россия дар Муассисаи таълимии давлатии буҷетии шаҳри Москва «Мактаби №2010 ба номи Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ М. П. Судаков» Фестивал-озмуни фарҳангҳои миллии «Гулчанбари Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил» зери унвони “Тоҷикистони меҳмоннавоз ва офтобруй” баргузор гардид.
Дар маросими ифтитоҳии чорабинӣ вакили Думаи давлатӣ аз фраксияи “Единая Россия” Т. Бронзес, ки директори ин мактаб буда, иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар Фестивали мазкур наврасони тоҷик, ки дар ин мактаб таҳсил мекунанд ширкат варзида, фарҳанги мероси волои Ҷумҳурии Тоҷикистонро муаррифӣ карданд.
Диққати тамошочиёнро мусиқӣ ва рақсҳои миллии тоҷикӣ, ки аз ҷониби наврасон эҷод гардид, ба худ ҷалб намуда, ба гӯшаи фарҳангии Тоҷикистон ҳусну таровати хосса бахшид.
Дар анҷоми чорабинӣ маросими супоридани ҷоизаҳои тантанавӣ ба ғолибони Фестивал-озмун, ки дар доираи лоиҳаи этнофарҳангии «Рақс - ва ҳаёти мардум» сурат гирифт, аз ҷониби роҳбарияти Мактаб бо дипломҳо сарфароз гардонида шуданд.
Қобили зикр аст, ки дар ин мактаб шаҳрванди Тоҷикистон Н. Иматшоева ба ҳайси омӯзгори дараҷаи олӣ фаъолият менамояд.