Гушаи тоҷикон дар ярмаркаи шаҳри Ирбит муаррифӣ гардид

Главная \ Фарҳанг \ Гушаи тоҷикон дар ярмаркаи шаҳри Ирбит муаррифӣ гардид
0
Гушаи тоҷикон дар ярмаркаи шаҳри Ирбит муаррифӣ гардид

Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода аз шаҳри Ирбити вилояти Свердловски Федератсияи Россия дар 22-юм ярмаркаи россиягии байниминтақавии "Ярмаркаи Ирбит" иштирок намуд.

Инчунин ҳамраиси Шӯрои ҳамоҳангсозии назди Консулгарии генералӣ дар шаҳри Екатеринбург Ёқубҷон Умаров, роҳбари ташкилоти ҷамъиятии вилояти Свердловск "Дидор" Мастбегим Ошурбекова, аъзои дастаи рақсии ин созмони маъруфи ҷамъиятӣ, аъзои Шӯрои ҳамоҳангсозии назди Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зуҳал Муродов, Яздон Шарифов, Салим Ӯлмасов ва Мақсудҷон Саматов ширкат варзиданд.

Ба гушаи миллии фарҳангии тоҷикон Губернатори вилояти Свердловски Федератсияи Россия Евгений Куйвашев, собиқ сенатори Федератсияи Россия, собиқ губернатори вилояти Свердловск Эдуард Россел, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар вилояти Свердловск Татяна Мерзлякова, муовини Вазири робитаҳои байналмилалӣ ва хориҷии иктисодии вилояти Свердловск Олег Александрин, роҳбарони шаҳри Ирбит ва ҳамроҳони дигар ошноӣ пайдо карда, таомҳои бомаззаи миллии тоҷикӣ ва тутчойи машҳури тоҷикиро чашиданд. Дар ин лаҳзаҳо суҳбати гарму самимӣ дар бораи зарурати бештар намудани саҳми созандаи диаспораи тоҷик дар рушди гуногунсоҳаи вилояти Свердловск рафт ва дар ин иртибот таклифи дар заминаи ташкилоти "Дидор" таъсис додани маҳфил (марказ)-и ҳаводорони адабиёту забони тоҷикӣ-форсӣ ба номи Умари Хайём барои омӯзиш дар сатҳи Ҳукумати вилояти Свердловски Федератсияи Россия тавсия гардид.

Дар дохил ва атрофи гӯшаи миллии тоҷикӣ муаррифгарони он ва аъзои навраси боистеъдоди дастаи ҳунарии ташкилоти ҷамъиятии вилоятии "Дидор" сурудхониву рақс намуда, дар саҳнаи асосии ярмаркаи "Ирбит" низ ансамбли болозикри рақсӣ баромади бисёр зебову ҷолиб намуд.

Дар доираи ярмаркаи шаҳри Ирбит корпояи фарҳангию маърифатии "Квартали чой: анъанаҳо, ҳунарҳо, сайёҳӣ" ташкил шуда буд. Дар он ҷо роҳбарону намояндагони консулгариҳои хориҷӣ, консулҳои фахрӣ ва диаспораҳои миллии минтақавӣ дар муаррифии фарҳанги кишварҳо ва мардумони худ, аз ҷумла муаррифии анъанаҳои чойхӯрӣ ва тайёр кардани таомҳои хушмаззаи миллӣ, ширкат доштанд.