Консерти бошукуҳи тоҷиктабори шаҳри Қазон баргузор гардид

Главная \ Фарҳанг \ Консерти бошукуҳи тоҷиктабори шаҳри Қазон баргузор гардид
0
Консерти бошукуҳи тоҷиктабори шаҳри Қазон баргузор гардид

Дар шаҳри Қазони Ҷумҳурии Тотористон консерти бошукуҳи тоҷиктабори шаҳри Қазон Фарида Нуруллоева бо иштироки зиёди меҳмонон ва алоқамандони фарҳанги асил баргузор гардид.

"Рангорангии "Ургон” ном дошт консерти мусиқии сози ургон ё худ орган, ки мақбули ҳаводорону дӯстдорони санъати воло гардид.

Фарида Нуруллоева таҳсилкардаи Консерваторияи миллии шаҳри Қазон аст, ки ҳоло инҷо ба таълими шогирдон низ шуғл меварзад.

Номбурда барандаи мусобиқоти байналмиллалӣ ва саросарии Россия дар навозандагии сози Орган мебошад.

Унвони консерт ҳам ба далели гуногунранг будани осори ҳунарӣ дар ин барнома номгузорӣ шудааст ва тайи он шоҳкорҳои машҳури мусиқии нодири ҷаҳон, амсоли Бах, Шуман, Ф.Лист, Верне ва дигарон садо доданд.
Дар барнома ҳамчунин бо навозиши созҳои дигар Нигора Нуруллоева (скрипка), Анна Антонова (виолончел), Юлия Сергеева (най) ҳамроҳӣ карданд.