НАМОИШИ РАСМУ ОИНҲОИ МИЛЛӢ ВА ФАРҲАНГӢ ДАР ФЕСТИВАЛИ ҶАВОНОН ДАР ШАҲРИ УЛЯНОВСК 

Главная \ Фарҳанг \ НАМОИШИ РАСМУ ОИНҲОИ МИЛЛӢ ВА ФАРҲАНГӢ ДАР ФЕСТИВАЛИ ҶАВОНОН ДАР ШАҲРИ УЛЯНОВСК 
0
НАМОИШИ РАСМУ ОИНҲОИ МИЛЛӢ ВА ФАРҲАНГӢ ДАР ФЕСТИВАЛИ ҶАВОНОН ДАР ШАҲРИ УЛЯНОВСК 

18 майи соли 2024  дар шаҳри Уляновски Федератсияи Россия Фестивали ҷавонон таҳти унвони “Барои сулҳу дӯстӣ” баргузор гардид, ки дар он намоиши фарҳанги миллии кишварҳои иштироккунанда ба намоиш гузошта шуд. 

Дар фестивали мазкур расму оинҳои мардумӣ, анъанаҳои халқҳои гуногун, сару либосҳои миллӣ, рақсу суруду таронаҳои кишварҳои иштироккунанда ба намоиш гузошта шуд. 

Дар фестивали мазкур тоҷикони Россияро Ташкилоти ҷамъиятии тоҷикони шаҳри Уляновск  муаррифӣ намуда, гушаи ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ, либосҳои миллӣ ва анъанаҳои мардумӣ, сабзавот ва меваҷоти дар Тоҷикистон парваришшаванда,  донагиҳо ба намоиш гузошт. 

Инчунин барои муаррифии шоистаи халқи тоҷик дар чорабинии болозикр намоиши асарҳои шахсиятҳои барҷастаи миллат ва китобҳои нодири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба марази тамошои иштироккунандагон гузошта шуд. 

Ҳайати тадорукоти фестивали мазкур зимни боздид аз гӯшаи тоҷикон ба  сару либосҳои мардумӣ ва тарзи омода намудани онҳо, таомҳои миллӣ ва таърихи пайдоиши  хӯрокҳои миллӣ таваҷҷӯҳ намуда, барои меҳмонон давра ва заминаҳои пайдоиши таърихии ин арзишҳои миллиро  маълумот доданд.  

Дар намоиши мазкур намояндагони халқҳои кишвари иқомат, сокинони маҳаллӣ ва меҳмонон аз минтақаҳои гуногун ба гушаи тоҷикон ташриф оварда, бо расму оинҳои мардумӣ, таърихи ташаккули фарҳанги миллати тоҷик аз наздик ошно мегардиданд.