ТАҶЛИЛИ БУЗУРГДОШТИ  УМАРИ ХАЙЁМ ДАР ШАҲРИ МОСКВА 

Главная \ Фарҳанг \ ТАҶЛИЛИ БУЗУРГДОШТИ  УМАРИ ХАЙЁМ ДАР ШАҲРИ МОСКВА 
0
ТАҶЛИЛИ БУЗУРГДОШТИ  УМАРИ ХАЙЁМ ДАР ШАҲРИ МОСКВА 

Бо дастгирии Шӯрои ҷамъиятии назди Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Ҷамъияти ҷавонони тоҷикистониёни Россия дар шаҳри Москва бахшида ба бузургдошти шоири тавонои форсу тоҷик Умари Хайём чорабинии адабии фарҳангӣ баргузор намуданд. 

Дар чорабинии мазкур коршиносон, алоқамандони ашъори Умари Хайём, ҳамватанони бурунмарзӣ ва ҷавонону донишҷӯён иштирок намуда, вобаста ба ҳайёт ва фаъолияти шоири тавонои форсу тоҷик андешаронӣ карда, аз ашъори ӯ рубоиҳо қироат намуданд. 

Инчунин дар чорабинии мазкур аъзои Шӯрои ҷамъиятии назди Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия, номзади илмҳои филологӣ Назарамонов Шабоз Парвонаевич вобаста ба нақши Умари Хайём дар ташаккул ва ғояҳои инсонгароӣ, таҳкими муносибатҳои дӯстӣ, андешаи фалсафаи олими фарехтаи Шарқ суханронӣ намуд.