Тартиби гирифтани патен

Главная \ Кӯмаки ҳуқуқӣ \ Тартиби гирифтани патент

Шаҳрвандони гиромӣ, агар мақсади ба Федератсияи Россия барои фаъолияти корӣ сафар карданро дошта бошед, Шумо бояд патентро дастрас кунед. Патент ба Шумо имконияти кор карданро дар назди шахсоне ҳуқуқӣ ва инфиродӣ таьмин менамояд.

* Шумо метавонед патентро дар сохторҳои зертобеи Сарраёсат оид ба масьалаҳои муҳоҷирати ВКД-и Россия дастрас намоед.

* Ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои гирифтани патент бояд ба сохторҳои зертобеи Сарраёсат оид ба масьалаҳои муҳоҷирати ВКД-и Россия дар муддати 30 рӯзи тақвими аз рӯзи воридшавӣ ба қаламрави Федератсияи Россия пешниҳод карда шаванд.

* Барои гирифтани патент Шумо бояд маьлумотномаи тиббӣ аз ҷониби мақомоти ваколатдори Федератсияи Россия тасдиқшударо дошта бошед.

* Мақомоти ҳудудии Саррёсат оид ба масьалаҳои муҳоҷирати ВКД-и Россия на дертар аз 10 рӯзи корӣ аз рӯзи гирифтани ариза ба шаҳрвандони хориҷӣ патентро медиҳад.

*   Патент ба муҳлати аз 1 то 12 моҳ дода мешавад.

* Муҳлати амали (давомнокии) патент метавонад чандин маротиба аз рӯзи патентгирӣ аз 1 моҳ то 12 моҳ   тамдид гардад. Муҳлати умумии амали патент бо дарназардошти тамдид бояд аз 12 моҳ зиёд набошад.

*       Муҳлати амали патент он гоҳ тамдидгардида ҳисоб мешавад, ки агар андоз барои гирифтани патент пардохт шуда бошад. Дар ин ҳолат муроҷиат ба сохторҳои зертобеи Сарраёсат оид ба масьалаҳои муҳоҷирати ВКД-и Россия зарур нест.

*       Дар дигар ҳолатҳо муҳлати амали патент аз рӯзи охирони пардохти андоз барои гирифтани патент қать мегардад.

*      Барои гирифтани патент ҳуҷҷатҳои зеринро бояд пешниҳод намуд:

1) Ариза оид ба гирифтани патент;

2) Шиносномаи хориҷӣ;

3) Варақаи муҳоҷиратӣ бо дарҷи мақсади сафар –“КОР” ва қайди мақомоти сарҳадӣ оид ба воридшавӣ ба ФР, ё бо нишондоди мақомоти ҳудудии Сарраёсат оид ба масьалаҳои муҳоҷирати ВКД-и Россия дар бораи дода шудани варақаи муҳоҷиратӣ;

4) Шартнома (ё полис) оид ба суғуртаи ихтиёрии тиббӣ;

5) Варақаи пардохт  оид ба супоридани ҷарима аз 10 то 15 ҳазор рубл (дар ҳолати пешниҳоди ариза барои гирифтани патент баьди 30 рӯз аз лаҳзаи воридшавӣ ба ФР);

6) Ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда оид ба надоштани бемориҳои сирояткунанда ва нашьамандӣ, инчунин маьлумотнома оид ба набудани бемориҳои  ВНМО;

7) Ҳуҷҷат дар бораи донистани забони русӣ, таьрихи Россия ва асосҳои қонунгузории ФР;

8) Ҳуҷҷат  дар бораи бақайдгирӣ дар ҷойи иқомат.

*       Патент ба шаҳрванди хориҷӣ бо пешниҳоди шиносномаи хориҷӣ ва варақаи пардохт оид ба супоридани андоз барои гирифтани патент ба муҳлати амали он шахсан дода мешавад.

*       Дар муддати 2 моҳ аз рӯзи аввали гирифтани патент ба мақомоти ҳудудии Сарраёсат оид ба масьалаҳои муҳоҷирати ВКД-и Россия, ки патентро додааст, бояд нусхаи шартномаи меҳнатӣ ё шартнома оид ба иҷрои корҳо (пешниҳоди хизматрасониҳо) бо шахси ҳуқуқӣ пешниҳод карда шавад.

*       Шумо метавонед соҳиби сертификат оид ба донистани забони русӣ дар қаламрави ФР ё дар қаламрави ҶТ дар марказҳое, ки аз ҷониби Вазорати маориф  ва илми ФР аккредитатсия шудаанд, аз ҷумла Филиали Донишгоҳи давлатии ш. Москва ба номи М. В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе ва филиали Донишкадаи энергитикии ш. Москва дар ш. Душанбе шавед.

*       Барои тасдиқ намудани донистани забони русӣ, яке аз ҳуҷҷатҳои зерин зарур аст:

1) сертификат  оид ба гузаштани тести давлатӣ ҷиҳати донистани забони русӣ ҳамчун забони хориҷӣ;

2) ҳуҷҷат дар бораи маълумотнокӣ, ки дар Федератсияи Россия тибқи шартномаҳои байналмилалӣ эьтироф мегардад;

3) шаҳодатномаи намунаи давлатӣ дар бораи маьлумотнокӣ (на кам аз маьлумотнокии миёнаи умумӣ), ки аз ҷониби муассисаҳои таьлимӣ дар қаламрави давлатҳои собиқ Иттиҳоди Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистӣ (СССР) то 1 сентябри соли 1991 дода шудааст;

4) ҳуҷҷат дар бораи маьлумотнокӣ ё тахассус ба шахсоне дода шудааст, ки аз аттестатсияи ҷамъбастии давлатӣ дар қаламрави Федератсияи Россия аз 1 ентябри соли 1991 бомуваффақият гузаштаанд.