Боздид аз Маркази нигаҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷӣ воқеъ дар шаҳри Москва

Главная \ Муҳоҷирони меҳнатӣ \ Боздид аз Маркази нигаҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷӣ воқеъ дар шаҳри Москва
Боздид аз Маркази нигаҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷӣ воқеъ дар шаҳри Москва

18 январи соли 2023 дар доираи таъмини ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандон кормандони Хадамоти консулии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия аз Маркази нигаҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷии Сарраёсати Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия воқеъ дар деҳаи Сахаровои шаҳри Москва боздид ба амал оварданд.

Ёдовар мешавем, ки шаҳрвандони мазкур бо сабаби вайрон намудани қоидаҳои будубоши кишвари иқомат муваққатан боздошт гардидаанд.

Дар рафти боздид кормандони Сафорат бо Роҳбари муассисаи мазкур Алексей Лагода мулоқот анҷом доданд. Зимни мулоқот масоили марбут ба ҳуҷҷатгузорӣ ва зудтар ба Тоҷикистон фиристодани шаҳрвандони муваққатан боздоштгардида мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар натиҷа худи ҳамон рӯз 10 нафар шаҳрвандони дар ин муассиса нигоҳдошташуда ба Ватан фиристода шуданд.

Ҳамчунин дар доираи боздид бо шаҳрвандони боздоштгардидаи Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ анҷом ёфт. Ба шаҳрвандон доир ба талаботи қонунҳои амалкунандаи Федератсияи Россия дар самти муҳоҷират иттилоъ пешкаш гардида, ҷиҳати дар оянда такрор нашудани қонунвайронкуниҳо вобаста ба будубош дар қаламрави Россия тавсияҳо дода шуд.

Ҳамзамон ба шаҳрвандони Тоҷикистон як миқдор маводи ғизоӣ ва дигар маҳсулоти мавриди ниёз тақдим гардид.

Боздид аз боздоштгоҳҳои муваққатии муҳоҷирон дар маркази таваҷҷуҳи Сафорат қарор дошта, ин иқдом пайваста анҷом дода мешавад.