Боздид аз шароити кории муҳоҷирони меҳнатӣ дар шаҳри Богданович

Главная \ Муҳоҷирони меҳнатӣ \ Боздид аз шароити кории муҳоҷирони меҳнатӣ дар шаҳри Богданович
Боздид аз шароити кории муҳоҷирони меҳнатӣ дар шаҳри Богданович

25 ноябри соли 2023 котиби якуми Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Субҳон Қурбонов, намояндаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Урал Беҳрӯз Холиқов ва муовини раиси Шӯрои ҳамоҳангсозии назди Консулгарии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Ёқубҷон Умаров аз шароити фаъолияту зиндагии ҳамватанон дар корхонаи истеҳсоли пойафзоли “Триал Трейд” воқеъ дар шаҳри Богдановичи вилояти Свердловски Федератсияи Россия, ки аз ҷониби шаҳрванди Ҷумҳурии Мардумии Чин ва ду нафар тоҷикистонӣ идора карда мешавад, боздид намуданд. 

Бояд зикр кард, ки дар корхонаи мазкур аз шумули тоҷикистониён 41 нафар мард ва 16 нафар зан фаъолият мекунанд. Андозаи музди моҳонаи меҳнати ин кормандон 36 ҳазор рубл буда, ҳуҷҷатгузории муҳоҷирони меҳнатӣ ва ҷойи зист аз ҷониби корхона таъмин мебошад. 

Зимни боздид масъулин  ба маъмурияти корхона дар иртибот ба мавҷуди шароити номусоиди ҷойи зист, ҳамом, ошхона, реҷаи вазнини корӣ ва ҳаҷми нисбатан ками маоши моҳона ҷиддан изҳори нигаронӣ намуда, таъкид кард, ки то охири моҳи январи соли 2024 тамоми камбудиҳои номбурдаи ошкоргашта бояд ба таври ҳатмӣ бартараф карда шаванд.