Семинари омӯзишӣ: «Забони тоҷикӣ: аз эрони бостон то замони муосир: давраи ташаккулёбӣ ва рушди он»

Главная \ Тест \ Семинари омӯзишӣ: «Забони тоҷикӣ: аз эрони бостон то замони муосир: давраи ташаккулёбӣ ва рушди он»
Семинари омӯзишӣ: «Забони тоҷикӣ: аз эрони бостон то замони муосир: давраи ташаккулёбӣ ва рушди он»

 Бо ташаббуси ҷамъиятии ҷавонон ва донишҷӯёни Тоҷикистон дар шаҳри Москва дар доираи баргузории Рӯзи байналминалии забони модарӣ дар китобхонаи №163 шаҳри Москваи Федератсияи Россия семинари омӯзишӣ таҳти унвони «Забони тоҷикӣ: аз эрони бостон то замони муосир: давраи ташаккулёбӣ ва рушди он» баргузор гардид.

          Дар семинари мазкур коршиносон, фаъолони тоҷики муқими шаҳри Москва, ҷавонону донишҷӯён ва аъзоёни Шӯрои ҷамъиятии назди Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия иштирок ва суханронӣ намуданд.

          Дар чорабинии мазкур инчунин халқиятҳои муқими кишвари иқомат ва ҷавонону донишҷӯён аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок намуда ва вобаста ба моҳият  ва давраҳои ташаккулёбии забони тоҷикӣ андешаронӣ карданданд.  

Зимни баргузории чорабинӣ, ҳамзамон, Ҷӯрахонов Аъзамҷон Ҷурахонович  – муовини якуми  роҳбари Котиботи Шӯрои ҷамъиятии назди Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия,  Ҳайдарова Мавзуна Ашӯровна номзади илмҳои иқтисодӣ, роҳбари Кумитаи кор бо кӯдакони то мактабӣ ва мактабии Шӯрои ҷамъиятӣ иштирок ва вобаста ба заминаҳои ташаккулёбии забони тоҷикӣ, нақши забони тоҷикӣ дар густариш ва нигоҳдошти арзишҳои фарҳангӣ, мустаҳкамнамоии робитаҳои байнифарҳангӣ ва байнимиллатӣ суханронӣ намуданд.

Инчунин дар семинари мазкур ҷавонони фаъолу донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилотии олии  ҳудуди шаҳри Москва Бобоев Диловар, Мавлуда Азимова, Ашӯров Ашӯралӣ, Одинаева Муниса, Аламова Маҳина, Ҷалолиён Педрам, Сафаралӣ Ашӯров, Шаҳноза Тургунова ва Адиба Мирзоева андешаи худро вобаста ба масъалаи мазкур байён намуданд.

Дар анҷоми чорабинӣ ба ташкилкунандагон  сипоснома ва барои иштирокчиёни чорабинӣ сертификат оид ба иштирок дар семинар аз ҷониби Кумитаи тадорукоти семинар тақдим карда шуд.