23 декабри соли 2023 мулоқоти Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Уфа бо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла соҳибкорон, муҳоҷирони меҳнатӣ, варзишгарон, табибон ва донишҷӯён, ҳамватанони муқимӣ, ки дар шаҳри Нижний Новгород фаъолияту таҳсил менамоянд, баргузор гардид.
Шӯрои ҷамъиятии назди Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия
Дар арафаи ҷашни Соли нав, имруз дар Хонаи дӯстии халқҳои ш.Қазон бо ташаббуси Раёсати мактаби якшанбегӣ, аз ҷониби Анҷумани халқҳои Ҷумҳурии Тотористон бо ҷамъбасти нимсолаи аввали хониш, барои хонандагони гурӯҳи забони тоҷикӣ ҳадяҳои солинавӣ супорида шуд. Дар зимни он бачаҳо шеъру сурудҳои ҳифз намудани худро ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ хонданд, ҳамчунин сӯҳбат оид ба барномаҳои дарсҳои забони тоҷикӣ низ гузаронида шуд.
Роҳбари Ташкилоти миллӣ-фарҳангии “Маркази тоҷикон “Дӯстӣ” (2015) дар шаҳри Ставропол Шаҳобов Қурбонхуҷа Саидхонович барои фаъолияти густурда бо мақомотҳои кишвари иқомат, баргузории чорабиниҳои гуногун дар соли 2023, мусоидат ба ҳалли мушкилоти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳоҷирони меҳнатӣ дар ин минтақаи Россия бо сипоснома аз ҷониби мақомоти дахлдори давлатии шаҳри Ставропол сарфароз гардонида шуд.
Аз номи Шӯрои ҷамъиятии назди Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Шаҳобов Қурбонхуҷа Саидхоновичро барои ин дастовард самимона табрик менамоем.
Дар доираи ҷаласаи муштараки Шӯрои Палатаи қонунгузорони ҷавони назди Шӯрои федералии Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия, Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ва Шӯрои ҷамъиятии назди Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия, ки санаи 15 декабри соли 2023 дар шаҳри Москва баргузор гардид, роҳбари Ташкилоти минтақавии автономии тоҷикони шаҳри Новосибирск Каримов Минҳоҷиддин ҳамроҳ бо муовини раиси ташкилот Назиров Ёқубҷон Яҳёевич аз Намоиш – форуми байналмилалии “Россия” дар шаҳри Москва дидан намуданд.
Роҳбари Ташкилоти ҷамъиятии тоҷиконро дар намоиш форуми мазкур намояндаи Шӯрои ҷамъиятии назди Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ҳамроҳӣ намуданд.
Ташкилоти ҷамъиятии тоҷикони вилояти Липетски Федератсияи Россия “НАВРӮЗ” бахшида ба Соли Нави мелодӣ ба хонаи кӯдакони №7 шаҳри Липетск бо арғумони солинавӣ ташриф оварда, барномаи рангин, таомҳои миллии тоҷикӣ ва ба 100 нафар кӯдакон туҳфаҳои солинавӣ тақдим намуданд.