АЗ ИСТИФОДАИ ҲУҶҶАТҲОИ СОХТА ХУДДОРӢ НАМОЕД!

Главная \ АЗ ИСТИФОДАИ ҲУҶҶАТҲОИ СОХТА ХУДДОРӢ НАМОЕД!
← Предыдущая Следующая →

Шӯрои ҷамъиятии назди Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ба иттилои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамватанони бурунмарзӣ ва тоҷикони муқимии кишвари иқомат мерасонад, ки вақтҳои охир дар шабакаҳои иҷтимоӣ гуруҳҳои алоҳида ва шахсони номаълум бо мақсади ба даст овардани фоидаи муфт шаҳрвандонро барои истифода намудани ҳуҷҷатҳои қалбакӣ даъват намуда истодаанд.

Аз шаҳрвандон даъват карда мешавад, ки аз омода намудан, фармоиш додан ва истифодабарии ҳуҷҷатҳои қалбакӣ, ки бо роҳи ғайриқонунӣ омода мешаванд, худорӣ намоед.

Чунин амал тибқи қонунгузории Федератсияи Россия ҳуқуқвайронкунии ҷиноӣ буда, истифодабарандагони ҳуҷҷатҳои қалбакӣ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешаванд.