БА 100 НАФАР ТУҲФАИ СОЛИНАВӢ ТАҚДИМ КАРДА ШУД

Главная \ БА 100 НАФАР ТУҲФАИ СОЛИНАВӢ ТАҚДИМ КАРДА ШУД
← Предыдущая Следующая →

Ташкилоти ҷамъиятии тоҷикони вилояти Липетски Федератсияи Россия “НАВРӮЗ” бахшида ба Соли Нави мелодӣ ба хонаи кӯдакони №7  шаҳри Липетск бо арғумони солинавӣ ташриф оварда, барномаи рангин, таомҳои миллии тоҷикӣ ва ба 100 нафар кӯдакон туҳфаҳои солинавӣ тақдим намуданд.

 Иқдоми мазкур бо мақсади таҳкими муносибатҳои дӯстона, болидаруҳ намудани бошандагони хонаи кӯдакон ва ҳавасмандсозии кӯдакону наврасон ташкил карда шуда буд.

Шоистаи зикр аст, ки чунин иқдомҳои хайрхоҳона аз ҷониби ташкилотҳои ҷамъиятии тоҷикони шаҳру вилоятҳои Федератсияи Россия пайваста ташкил ва баргузор карда мешавад.