МУЛОҚОТИ РОҲБАРИ ТОҶИКОНИ  ИРКУТСК ДАР НОҲИЯҲОИ ВИЛОЯТИ  СУҒД

Главная \ МУЛОҚОТИ РОҲБАРИ ТОҶИКОНИ  ИРКУТСК ДАР НОҲИЯҲОИ ВИЛОЯТИ  СУҒД
← Предыдущая Следующая →

Бо мақсади ҳаллу фасли масъалаҳои ҷойдоштаи муҳоҷирони меҳнатӣ – шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, тоҷикони муқимӣ дар вилояти Иркутск ва ҳамватанони бурунмарзӣ дар ин Ҳавзаи федералии Федератсияи Россия роҳбари Ташкилоти ҷамъиятии тоҷикони вилояти Иркутск “Ҳамватанон” Маликшоев Муриватшо дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бо муовинони раисони ноҳияҳои Айнӣ, Ашт, Мастчоҳ ва Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд мулоқот намуд.

Зимни мулоқот маҷмуи масъалаҳои ҷойдоштаи муҳоҷирони меҳнатӣ, ҳамватанони бурунмарзӣ, таҳияи барномаҳои муштараки ҳамкорӣ дар самти баргузории чорабиниҳои мухталифи фарҳангиву фароғатӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, омоданамоии кадрҳои соҳибтахассус аз ноҳияҳои мазкур дар муассисаҳои таҳсилоти олии минтақаи Иркутск, пешгирии насли ҷавонон аз шомилшавӣ ба гуруҳҳои эктремистиву террористӣ, роҳҳои пешгирии ҷинояткории шаҳрвандон дар хориҷи кишвар ва дигар масъалаҳои марбут ба самти фаъолияти ташкилоти ҷамъиятии тоҷикони вилояти Иркутск мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор дода шуд.

Зикр карда шуд, ки бо мусоидати Шӯрои ҷамъиятии назди Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ташкилотҳои ҷамъиятии тоҷикони шаҳру вилоятҳои  Федератсияи Россия бо мақсади ба танзим даровардани мушкилоти муҳоҷирони меҳнатӣ, баргузории чорабиниҳои маданиву фарҳангӣ, мусоидат ҷиҳати мутобиқнамоии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави Федератсияи Россия, иштироки фаъолонаи шаҳрвандон дар чорабиниҳои оммавию фарҳангӣ ва шанбегиҳо ва дигар масъалаҳои шаҳрвандон мунтазам тадбирҳои мушаххас андешида, ки баргузории мулоқотҳои мазкур дар заминаи тадбирҳои болозикр аст.

Мулоқотҳои баргузоргардида, дар доираи ҳусни тафоҳум ба анҷом расиданд.