12 феврали соли 2024 мулоқоти сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсия Россия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо ректори Академияи дипломатии Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Россия Александр Яковенко баргузор гардид.
Донишҷӯён
8 феврали соли 2024 ректори Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб А.Н. Шоев дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Москва бо муовини проректори Донишгоҳи дустии халқҳои Россия оид ба робитаҳои хориҷӣ Н.В. Сюлкова мулоқот анҷом дод.
30 январи соли 2024 мулоқоти намояндагони Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия бо намояндагони Вазорати илм ва таҳсилоти олии Федератсияи Россия баргузор гардид. Дар рафти суҳбат мавзӯъҳои густариши ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Россия дар соҳаи илму маориф, фарҳангию варзишӣ, инчунин шароити таҳсили донишҷӯёни тоҷик дар муассисаҳои олии Россия, тақвияти ҳамкориҳо байни мактабҳои олии ду кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҷонибҳо роҷеъ ба имкони зиёд намудани бурсияҳо дар донишгоҳҳои Россия барои шаҳрвандони Тоҷикистон табодули афкор намуданд.
Аз 41 ҳазору 232 нафар донишҷӯёни тоҷик, ки ҳоло дар давлатҳои хориҷӣ таҳсил менамоянд, беш аз 11 ҳазор нафарашон духтарон мебошанд. Танҳо дар 10 соли охир 11 ҳазор нафар духтарон муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро бо квотаи президентӣ хатм намудаанд. Аз 3 ҳазору 300 нафар ҷавононе, ки соли равон танҳо тавассути Маркази барномаҳои байналмилалии назди Вазорати маориф ва илм ба хориҷи мамлакат барои таҳсил рафтаанд, 30 фоизашон духтарон мебошанд. Ин матлаб зимни пешниҳоди Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 декабри соли равон баён гардид.
22 декабри соли 2023 бо проректори Донишгоҳи давлатии сохтмонии Москва Галишникова Вера Владимировна, инчунин бо донишҷӯён – шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ин донишгоҳ таҳсил мекунанд, мулоқот баргузор гардид.
Роҳбари Намояндагии дипломатии Тоҷикистон перомуни масъалаи омода кардани мутахасиссони баландихтисос дар соҳаи кишоварзӣ ибрози андеша намуда, дар зимн, аз усулҳои муосири таълим дар Донишгоҳ ва шароити муҳайёшуда барои донишҷӯён изҳори қаноатмандӣ кард.
Ба анҷуман ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби кормандони ҷавони ташкилоту муассисаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии муовини якуми раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалб гардид.
8 августи соли 2023 дар доираи сафари худ ба шаҳри Санкт-Петербург ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо донишҷӯён ва ҳамватанони Тоҷикистон вохӯрӣ багузор намуд.
.
Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маросими ифтитоҳи Фестивали байналмилалии варзиши донишгоҳӣ "Екатеринбург-2023" ба варзишгарони кишвараш зафару пирӯзӣ таманно кард.