8 августи соли 2024 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода бо ноиби ректор оид ба робитаҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии роҳи оҳани Урал Наталия Анашкина мулоқот намуд.
Донишҷӯён
27 июли соли 2024 маросими ботантанаи супоридани дипломҳо ба хатмкунандагони Академияи идоракунии Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия дар шаҳри Москва баргузор шуд.
Дар чорабинӣ роҳбарияти Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия, воҳидҳои дастгоҳи марказӣ ва ташкилотҳои таълимии Вазорати корҳои дохилии Россия, намояндагони кишварҳои хориҷӣ, кормандон ва собиқадорони Академияи мазкур иштирок намуданд.
19 феврали соли 2024 мулоқоти сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо проректори Донишгоҳи молиявии назди Ҳукумати Федератсияи Россия Дмитрий Семёнов баргузор гардид.
Зимни мулоқот табодули афкор роҷеъ ба таҷрибаи мусбати ҳамкориҳои бисёрсола дар тайёр кардани мутахассисони соҳаҳои молия, технологияҳои иттилоотӣ, ҳуқуқшиносони соҳаи молия ва дигар мутахассисони баландихтисос сурат гирифт.
Бо ташаббуси ҷамъиятии ҷавонон ва донишҷӯёни Тоҷикистон дар шаҳри Москва дар доираи баргузории Рӯзи байналминалии забони модарӣ дар китобхонаи №163 шаҳри Москваи Федератсияи Россия семинари омӯзишӣ таҳти унвони «Забони тоҷикӣ: аз эрони бостон то замони муосир: давраи ташаккулёбӣ ва рушди он» баргузор гардид.
Дар семинари мазкур коршиносон, фаъолони тоҷики муқими шаҳри Москва, ҷавонону донишҷӯён ва аъзоёни Шӯрои ҷамъиятии назди Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия иштирок ва суханронӣ намуданд.
15 феврали соли 2024 мулоқоти намояндагони Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия бо намояндагони Донишгоҳи технологии Россия (МИРЭА) баргузор гардид.
Дар рафти суҳбат мавзӯъҳои густариши ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Россия дар соҳаи илму маориф, шароити таҳсили донишҷӯёни тоҷик, тақвияти ҳамкориҳо байни мактабҳои олии ду кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Роҳбари Ташкилоти ҷамъиятии тоҷикони шаҳри Уляновски Федератсияи Россия Маҳмадҷонов Ҳайдаралӣ бо декани факултети забонҳои хориҷии Донишгоҳи давлатии педагогӣ ба номи И.Н.Уляноваи шаҳри Улянов Суслива Эллой Владимировна мулоқот намуд.
12 феврали соли 2024 мулоқоти сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсия Россия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо ректори Академияи дипломатии Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Россия Александр Яковенко баргузор гардид.
8 феврали соли 2024 ректори Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб А.Н. Шоев дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Москва бо муовини проректори Донишгоҳи дустии халқҳои Россия оид ба робитаҳои хориҷӣ Н.В. Сюлкова мулоқот анҷом дод.
30 январи соли 2024 мулоқоти намояндагони Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия бо намояндагони Вазорати илм ва таҳсилоти олии Федератсияи Россия баргузор гардид. Дар рафти суҳбат мавзӯъҳои густариши ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Россия дар соҳаи илму маориф, фарҳангию варзишӣ, инчунин шароити таҳсили донишҷӯёни тоҷик дар муассисаҳои олии Россия, тақвияти ҳамкориҳо байни мактабҳои олии ду кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҷонибҳо роҷеъ ба имкони зиёд намудани бурсияҳо дар донишгоҳҳои Россия барои шаҳрвандони Тоҷикистон табодули афкор намуданд.
Аз 41 ҳазору 232 нафар донишҷӯёни тоҷик, ки ҳоло дар давлатҳои хориҷӣ таҳсил менамоянд, беш аз 11 ҳазор нафарашон духтарон мебошанд. Танҳо дар 10 соли охир 11 ҳазор нафар духтарон муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро бо квотаи президентӣ хатм намудаанд. Аз 3 ҳазору 300 нафар ҷавононе, ки соли равон танҳо тавассути Маркази барномаҳои байналмилалии назди Вазорати маориф ва илм ба хориҷи мамлакат барои таҳсил рафтаанд, 30 фоизашон духтарон мебошанд. Ин матлаб зимни пешниҳоди Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 декабри соли равон баён гардид.