Дар вилояти Суғд Форуми II байналмилалии «Суғд-чорроҳаи роҳи бузурги абрешим», Намоишгоҳи XI байналмилалии савдо «Суғд-2025» ва Форуми III байналмилалии «Сармояи инсонӣ ҳамчун манбаи рушди иқтисодиёт» гузаронида мешаванд.
Намоиш ва форумҳо бо мақсади рушди иқтисод ва савдои байналмилалӣ, баланд бардоштани неруи содиротӣ, тақвияти ҳамкорӣ бо давлатҳои хориҷии дуру наздик, ҷалби сармоя, воридоти технологияҳои муосир ва муаррифии захираю имконияти мавҷуда ташкил мегардад.