20 декабр мулоқоти маҷозии муовини якуми Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Исматулло Насредин ва муовини Раиси шаҳри Душанбе Абдураҳмон Абдураҳмонзода бо роҳбарони намояндагиҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа баргузор гардид.
Шӯрои ҷамъиятии назди Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия
Роҳбарони намояндагиҳои дипломатии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Тоҷикистон ва воситаҳои ахбори оммаи маҳаллӣ ва хориҷӣ ҳамчунин бо муқаррароти асосии консепсияи раёсати Тоҷикистон ва нақшаи чорабиниҳои татбиқи он, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – Раиси Шурои сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил тасдиқ шудаанд, шинос гардиданд.
Зимни машваратҳо ҷонибҳо доир ба масъалаҳои муҳими равобити байналмилалӣ табодули афкор анҷом дода, роҳҳои ҳамоҳангсозии самарабахши фаъолияти сиёсати хориҷиро дар шароити таҳдидҳои муосир баррасӣ намуданд.
Дар Анҷумани 15-уми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид, аъзои Котиботи Шӯрои ҷамъиятии назди Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия, роҳбари Ташкилоти ҷамъиятии тоҷикони шаҳри Новосибисрк Абдуҷабборов Сияршо Абдуҷабборов иштирок ва суханронӣ намуд.
Ҷаҳонишавӣ ҳамчун раванди объективӣ омили асосии дигаргуниҳои фарҳангӣ ва маънавии сохтори ҷомеа гардид. Зери таъсири он дар ҷомеа арзишҳои комилан нав пайдо шуданд, ки қаблан дучор нашуда буданд ва дар бисёр мавридҳо бо арзишҳои анъанавӣ, ки дар ин ҷомеа муддати тӯлонӣ дар заминаи фарҳангӣ ва таърихӣ инкишоф меёбанд, мухолифат мекунанд.