Шӯрои ҷамъиятии назди Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия

Сафари корӣ ба шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия

24 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар вохӯрии ғайрирасмии сарони давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия сафар карданд.

Сафари корӣ ба шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия
Ҳамкории иқтисодии Тоҷикистон ва Тотористон тақвият меёбад

Дар доираи шарикии стратегӣ бо Русия масъалаҳои ҳамкорӣ бо минтақаҳои он, аз ҷумла Тотористон дар маркази таваҷҷуҳи доимии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд. Чунин иброз гардид зимни мулоқоти ҳайати Тоҷикистон бо иштироки Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабир ва директори Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нурмаҳмад Аҳмадзода бо Роҳбари Ҷумҳурии Тотористон Рустам Минниханов, ки дар шаҳри Қазон баргузор шуд. 

Ҳамкории иқтисодии Тоҷикистон ва Тотористон тақвият меёбад
ҚАДРДОНИИ АЪЗОИ КОТИБОТИ ШӮРОИ ҶАМЪИЯТӢ

Дар доираи Анҷумани 15-уми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  баргузор гардид, аъзоёни Котиботи Шӯрои ҷамъиятии назди Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия, роҳбари Ташкилоти ҷамъиятии тоҷикони шаҳри Новосибисрк Абдуҷабборов Сияршо ва роҳбари Ташкилоти ҷамъиятии фарҳангии тоҷикон “Дидор” Ошурбекова Мастбегим бо медали сарисинагӣ бахшида ба  30 солагии Ҳизби Халқии Демократии Ҷумҳурии Тоҷикистон  сарфароз гардонида шуданд.

ҚАДРДОНИИ АЪЗОИ КОТИБОТИ ШӮРОИ ҶАМЪИЯТӢ
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС.Марҷумак растании серғизо, парҳезӣ, зудҳазм ва давоӣ буда, хатари сактаи дилро пешгирӣ менамояд

Марҷумак (гречка) зироати маъмул буда, растании серғизо, парҳезӣ, зудҳазм ва давоӣ аст. Витаминҳо, микроэлементҳо, нахҳо, кислотаҳои равғании серғизо ва фосфолипидҳои дар таркиби марҷумак мавҷуда сатҳи холестеринро дар хун кам карда, фишори хунро ба танзим медароранд ва хатари сактаи дилро пешгирӣ мекунанд.Ба тавсияи мутахассисон, истеъмоли марҷумак неруи мушакҳоро афзуда, ба рагҳои хунгард устуворӣ мебахшад ва ба раванди хунҳосилшавӣ таъсири мусбат мерасонад

МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС.Марҷумак растании серғизо, парҳезӣ, зудҳазм ва давоӣ буда, хатари сактаи дилро пешгирӣ менамояд
Ҷаласаи ҷамъбастии Шӯрои ҳамоҳангсозии назди Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург дар арафаи соли нави 2025

21 декабри соли 2024 ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии назди Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург баргузор гардид. 

Дар ҷаласа ҳайати Шӯрои ҳамоҳангсозии назди Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург бо баъзе тағйирот тасдиқ гардид.

Ҷаласаи ҷамъбастии Шӯрои ҳамоҳангсозии  назди Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург дар арафаи соли нави 2025