Шӯрои ҷамъиятии назди Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия

Ҷаласаи сеюми гурӯҳи кории Тоҷикистон ва Русия оид ба татбиқи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия доир гардид

Масъалаҳои ҳифз ва истифодаи оқилонаи захираҳои об дар ҷаласаи сеюми гурӯҳи кории Тоҷикистон ва Русия оид ба татбиқи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, ки ба таври маҷозӣ баргузор гардид, баррасӣ шуданд. 

Ҷаласаи сеюми гурӯҳи кории Тоҷикистон ва Русия оид ба татбиқи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия доир гардид
ТАМОШОИ ДАСТАҶАМЪОНАИ ПАЁМИ СОЛОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ШАҲРҲОИ РОССИЯ

Бо мусоидати Шӯрои ҷамъиятии назди Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ва дастгирии роҳбарони ташкилотҳои ҷамъиятии тоҷикони шаҳру вилоятҳои Федератсияи Россия субҳи имрӯз Паёми Пешвои маҳбуби миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамватанони бурунмарзӣ ва тоҷикони муқимию муҳоҷирони меҳнатӣ ба таври дастаҷамъӣ тамошо намуда, иброз намуданд, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун роҳнамои кору фаъолият ва зиндагии мо дар хориҷӣ буда, дар берун аз мамлакати азизамон талош менамоем, ки таърих, фарҳанг ва дастовардҳои даврони соҳибистқилолии кишварамонро ба таври шоиста муаррифӣ намуда, баҳри рушди босубботи Тоҷикистони азизамон саҳмгузорӣ намоем.

ТАМОШОИ ДАСТАҶАМЪОНАИ ПАЁМИ СОЛОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ШАҲРҲОИ РОССИЯ
Тамошои дастҷамъонаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
28 декабри соли 2024 дар бинои Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия пахши мустақими телевизионии Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифт.
Дар ҷамъомади мазкур кормандони Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия иштирок намуданд.
Тамошои дастҷамъонаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ

Паёми имсолаи Роҳбари давлат дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар дар бинои нави мақоми олии қонунгузори мамлакат – Маҷлиси Олӣ баргузор мегардад.

Ба ин муносибат ҳамаи шумо – вакилони муҳтарамро табрик мегӯям.

Соли ҷорӣ мардуми шарафманди Тоҷикистон 30-юмин солгарди қабули нахустин Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли худро бо ифтихору шукргузорӣ аз соҳибватаниву соҳибдавлатӣ таҷлил намуданд.

Конститутсия ҳамчун санади тақдирсози давлати тоҷикон заминаи ҳуқуқии давлатдории мустақил, соҳибихтиёрии миллӣ ва рушди ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеаи кишварро фароҳам овардааст.

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ
РОҲБАРИ ТОҶИКОНИ ОМСК ҚАДРДОНӢ ГАРДИД 

Дар ҷамъбасти соли 2024 ҳокими вилояти Омски Федератсияи Россия Хосенко Виталий Павлович роҳбари Ташкилоти ҷамъиятии тоҷикони вилояти Омск “Иттиҳоди тоҷикистониён” Рӯзиев Низомиддин Қурбоналиевич барои мусоидат дар бартарафсозии оқибатҳои обхезӣ дар ҳудуди вилоят бо сипоснома қадрдонӣ намуд. 

РОҲБАРИ ТОҶИКОНИ ОМСК ҚАДРДОНӢ ГАРДИД