Шӯрои ҷамъиятии назди Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия

ХОНАИ МИЛЛАТҲОИ ШАҲРИ МОСКВА АЪЗОИ КОТИБОТИ ШӮРОИ ҶАМЪИЯТИРО ҚАДРДОНӢ НАМУД 

Зимни маросими супоридани сипоснома директори “Хонаи миллатҳои шаҳри Москва” Ануфриенко Сергей Сергеевич барои ҳамкориҳои мутақобиланд судманди чандинсола дар самти кор бо ҷавонон ва варзиш, инчунин иштироки фаъолонаи тоҷикон дар чорабиниҳои гуногуни оммавию варзишӣ ба Додихудоев Додихудо изҳори сипос намуд.

ХОНАИ МИЛЛАТҲОИ ШАҲРИ МОСКВА АЪЗОИ КОТИБОТИ ШӮРОИ ҶАМЪИЯТИРО ҚАДРДОНӢ НАМУД 
РОҲБАРИ КУМИТАИ ИЛМ ВА МАОРИФИ ШӮРОИ ҶАМЪИЯТӢ БО ИФТИХОРНОМАИ ВАЗОРАТИ ИЛМ ВА ТАҲСИЛОТИ ОЛИИ РОССИЯ САРФАРОЗ ГАРДИД

Вазорати илм ва таҳсилоти олии Федератсияи Россия роҳбари Кумитаи маориф ва илми Шӯрои ҷамъиятии назди Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Курбанов Нуралӣ Ҳайдаровичро бо ифтихорномаи фахрӣ барои хизматҳои арзанда дар соҳаи маориф ва меҳнати поквиҷдонона қадрдонӣ намуд.

РОҲБАРИ КУМИТАИ ИЛМ ВА МАОРИФИ ШӮРОИ ҶАМЪИЯТӢ БО ИФТИХОРНОМАИ ВАЗОРАТИ ИЛМ ВА ТАҲСИЛОТИ ОЛИИ РОССИЯ САРФАРОЗ ГАРДИД
Соли равон гардиши мол байни Тоҷикистону Русия 19,8% афзуд

Сарони ду давлат масъалаҳои ҳамкорӣ дар самти таъмини амну субот, аз ҷумла амнияти иттилоотиро дар маркази таваҷҷуҳ қарор дода, оид ба рушди устувори ҳамкорӣ байни Тоҷикистону Русия дар соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, илму техника, маориф ва фарҳанг ибрози андеша намуданд.Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин зимни суҳбат дар хусуси аз ҷониби ҳукумати ин кишвар дар мактабҳои олии Русия зиёд намудани квота барои донишҷӯёни тоҷик хабар дод.

Соли равон гардиши мол байни Тоҷикистону Русия 19,8% афзуд
Оғози сафари корӣ дар Федератсияи Русия

24 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия шуданд.

Дар фурудгоҳи “Пулково” Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро намояндагони воломақоми Федератсияи Русия самимона пазироӣ карданд.

Оғози сафари корӣ дар Федератсияи Русия
ЧОРАБИНИИ МУТАНТАНИ ФАРҲАНГӢ ДАР ШАҲРИ МОСКВА БАРГУЗОР ГАРДИД

Маркази фарҳангии тоҷикони шаҳри Москва дар иртибот ба ҷамъбасти фаъолияти ташкилот дар соли 2024 дар шаҳри Москва чорабинии фарҳангиро бо иштироки аҳли санъати тоҷики муқими шаҳри Москва ва вилояти он ташкил ва баргузор намуд.Дар чорабинии мазкур намояндагони аҳли илму адаб, ходимони намоёни ҷамъиятиву давлатӣ, занону бонувони фаъоли тоҷикӣ шаҳри Москва, ҷавонону варзишгарон, аҳли фарҳанг ва намояндагони дигар халқҳои муқими кишвари иқомат иштирок намуданд.

ЧОРАБИНИИ МУТАНТАНИ ФАРҲАНГӢ ДАР ШАҲРИ МОСКВА БАРГУЗОР ГАРДИД